Қоидаҳои таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва татбиқи барномаҳои миёнамӯҳлати сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2011 № 370

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2018 № 161 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2011, № 370

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва татбиқи барномаҳои миёнамӯҳлати сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1) Қоидаҳои таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва татбиқи барномаҳои миёнамӯҳлати сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Қоидаҳо) тартиби таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва татбиқи самараноки барномаҳои миёнамӯҳлати сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

2) Мақсади Қоидаҳои мазкур ин баланд бардоштани сатҳи самаранокит татбиқи барномаҳои миёнамӯҳлати сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба низом даровардани вазифаҳои вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми ҷалби сармоя барои лоиҳаҳои сармоягузории худ ва дар ин замина иҷрои чорабиниҳои Стратегияи миллии рушд (СМР). Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ (СПСК) ва Ҳадафҳои рушди ҳазорсола мебошад.

2. Қоидаҳои таҳияи барномаҳои миёнамӯҳлати сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ

3) Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатй дар мӯҳлатҳои дар санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда лоиҳаҳои сармоягузории худро (тибқи замима) таҳия намуда, барои ворид намудан ба "Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ"-и навбатӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.

4) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ лоиҳаҳои сармоягузории худро бо вазорату идораҳои соҳавӣ мувофиқа намуда, пас аз гирифтани хулосаи расмӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.

5) Ҳангоми таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳо барои ворид намудан ба "Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ" вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар навбати аввал татбиқ гардидани чорабиниҳои зеринро ба инобат мегиранд:

Ҳадафҳои рушди ҳазорсола; Стратегияи миллии рушд; Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ;

Дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи миёнамӯҳлат;

Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

афзалиятҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ;

Қоидаҳои ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кӯмаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6) Инчунин дар лоиҳаҳо меъёрҳои зерин низ ба инобат гирифта мешаванд:

лоиҳа бояд стратегияи умумии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба рушди иқтисодӣ инъикос карда, бо мақсаду вазифаҳо ва стратегияи бахш мутобиқат намояд;

лоиҳаи пешниҳодшуда ба тарзи зарурӣ мураттаб гардад (сифати лоиҳа, асоснокии сметаи хароҷоти пешниҳодшуда ва ғайра);

асоснокии техникию иқтисодии лоиҳа бояд бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда инъикос гардад;

масъулияти Ҳукумат ва бахши хусусӣ инъикос гардад; иқтидори агентии иҷрокунанда ва зарурати тағйир додани санадҳои қолабии танзимкунанда нишон дода шаванд;

оқибатҳои экологӣ ва иҷтимоии татбиқи лоиҳа баррасӣ ва бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва стандартҳои экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шаванд;

зарурати ҷалби сармоя ё маблағҳои худии вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои татбиқи лоиҳаи мазкур пурра шарҳ дода шавад;

ҳаҷми маблағи умумии лоиҳа дар сурати ҷалби қарз аз рӯи маблағ бояд на кам аз 5 млн. долл. ШМА бошад. Қарзгирии давлатӣ танҳо бо ҷалби қарзҳои имтиёзнок, ки дорои элементи грантии на кам аз 35 фоиз мебошанд, маҳдуд сохта шавад;

ҳаҷми маблағи умумии лоиҳа дар сурати ҷалби грант бояд аз рӯи маблағи на кам аз 100 ҳаз долл. ШМА бошад;

таъсири татбиқи лоиҳа ба рушди минтақа инъикос гардад.

7) Хусусияти татбиқи лоиҳа: маҳаллӣ; ноҳиявӣ; вилоятӣ; ҷумҳуриявӣ.

8) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳодоти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва нишондиҳандаҳои маблағгузориҳои асосии мутамарказ лоиҳаи нишондиҳандаҳои "Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ"-ро бо дарназардошти имкониятҳои буҷети давлатӣ ва афзалиятҳои дар банди 2 Қоидаҳои мазкур муқарраргардида бо муайян намудани маблағи умумӣ ва шумораи лоиҳаҳо таҳия намуда, дар мӯҳлатҳои дар санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

9) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳодоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти имконияти молиявии саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои маблағҳои асосии мутамарказро барои давраи миёнамӯҳлат ҳангоми таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатӣ ба инобат мегирад.

10) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои дақиқшудаи лоиҳаи "Барномаи сармоягузориҳо давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ"-ро бо дарназардошти "Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ", инчунин "Қоидаҳои ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кӯмаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳлил намуда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

11) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи лоиҳаи нишондиҳандаҳои "Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ" ва нишондиҳандаҳои маблағгузориҳои асосии мутамаркази буҷети давлатиро ба анҷом мерасонад, ки он дар нишондиҳандаҳои лоиҳаи "Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ" дохил ва то мӯҳлатҳои дар санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда амалӣ карда мешаванд.

12) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи "Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ"-ро бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои соҳавӣ мувофиқа намуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

3. Тартиби татбиқи Барномаи сармоягузорихои давлатӣ

13) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз тасдиқи "Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ", бо мақсади дастрасии он ба вазорату идораҳои соҳавӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва махсусан ташкилотҳои молиявӣ, нашри теъдоди зарурии онро бо забонҳои давлатӣ ва англисӣ то охири моҳи дуюми соли навбатӣ таъмин ва дар сомонаҳои интернетии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир менамояд.

14) Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми вохӯриҳо бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ танҳо лоиҳаҳои афзалиятноки дар "Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ воридшударо ба  онҳо пешниҳод ва муаррифӣ менамоянд ва пас аз ба имзо расонидани созишнома ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбороти расмӣ ирсол менамоянд.

15) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи самаранокии татбиқи "Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ" ва муаррифии лоиҳаҳои ба он воридгардида, дар нимсолаи аввали соли ҳисобсти барои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ мизи мудаввар баргузор менамояд.

16) Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ ҷиҳати татбиқ гардидани "Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ" чораҳои амалӣ меандешанд.

17) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти татбиқи Барнома ахбороти таҳлилӣ ирсол менамояд.