Низомномаи қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2011 № 369

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2011, № 369

 тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2011, № 369

 тасдиқ шудааст

Низомномаи қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1) Қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ) сохторҳои махсусгардонидашудаи давлатӣ буда, бо тартиби муқарраргардида хизматрасонии наҷотдиҳии кӯҳиро дар иншооти саноати кӯҳкорӣ, сохтмон ва истифодабарии нақбҳо, иншооти гидроэнергетикию гидротехникӣ, инчунин дигар иншооти шаклҳои гуногуни моликият, ки корҳои кӯҳӣ мегузаронанд ва ё коркардҳои кӯҳии зеризаминӣ доранд, амалӣ менамоянд.

2) Қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҷҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии зътирофнамудаи Тоҷикистон ва ин Низомномаро ба роҳбарӣ мегиранд.

3) Қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо, корхонаҳо амалӣ месозанд.

2. Ваколатҳо

4) Қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ ваколатҳои зеринро анҷом медиҳанд:

- лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, нақшаи корӣ ва нишондиҳандаҳои фаъолиятро таҳия ва пешниҳод менамоянд;

- дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани қувва ва воситаҳое, ки барои рафъ намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар иншооти зеризаминӣ пешбинӣ шудаанд, иштирок менамоянд;

- взводҳои алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ ва гурӯҳҳои ихтиёрии ёрирасони наҷотдиҳии кӯҳиро дар ҷараёни анҷом додани корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар иншооти зеризаминӣ идора мекунанд; тайёрии ҳайати роқбарикунандаи взводҳои алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ, гурӯҳҳои ихтиёрии ёрирасони наҷотдиҳӣ ва дигар кормандони муҳандисию техникии соҳаи кӯҳкорӣ оид ба садамаҳои зеризаминӣ ва амалҳои онҳоро дар ҳолатҳои фавқулодда дар иншооти зеризаминд ташкил менамоянд;

...

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 августа 2011 года, №369

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 августа 2011 года, №369

Положение о военизированных горноспасательных частях Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан

1 .Общие положения

1) Военизированные горноспасательные части Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан (далее - военизированные горноспасательные части) являются государственными специализированными подразделениями, осуществляют в установленном порядке горноспасательное обслуживание в объектах горнодобывающей промышленности, на строительстве и эксплуатации тоннелей, гидроэнергетических и гидротехнических объектах, а также других объектах различных форм собственности, ведущих горные работы или имеющих подземные горные выработки.

2) Военизированные горноспасательные части в своей деятельности руководствуются Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, постановлениями Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указами Президента Республики Таджикистан, постановлениями Правительства Республики Таджикистан, международными правовыми актами, признанными Таджикистаном и настоящим Положением.

3) Военизированные горноспасательные части осуществляют свою деятельность во взаимодействии с другими центральными органами исполнительной власти, местными исполнительными органами государственной власти, общественными объединениями и иными организациями, предприятиями.

2. Полномочия

4) Военизированные горноспасательные части осуществляют следующие полномочия:

- разрабатывают и представляют проекты нормативных правовых актов, планов работы и показателей деятельности;

- осуществляют руководство военизированными горноспасательными частями, организацию подготовки и обеспечение ее постоянной готовности;

- участвуют в содержании в постоянной готовности сил и средств, предназначенных для ликвидации последствий чрезвычайных ситуаций в подземных сооружениях;

...