Низомномаи Шӯрои амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2011 № 359

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.07.2022 № 359 аз эътибор соқит дониста шуд

Ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2011 № 359

тасдиқ шудааст

Низомномаи Шӯрои амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1) Шӯрои амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Шӯро) мақоми машваратӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади ҳамоҳангсозии идоракунӣ ва қабули қарорҳои стратегӣ ва фаврӣ вобаста ба таъмини мӯътадил ва мунтазами давлат бо озуқаворӣ таъсис дода шудааст.

2) Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисгон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии хуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

2. Вазифаҳо ва функсияҳои асосии Шӯро

3) Вазифаҳои асосии Шӯро инҳо мебошанд:

- ташаккули стратегия ва тактикаи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амнияти озуқаворӣ;

- таъмини ҳамоҳангсозии мақомоти давлатӣ дар масъалаҳои вобаста ба амнияти озуқаворӣ;

- амалигардонии Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи амнияти озуқаворӣ ва дигар барномаву стратегияҳои дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ амалкунанда;

- омода сохтани чорабиниҳои фаврӣ барои бартараф сохтани хатари бӯҳрони озуқаворӣ ва ҳолатҳои фавқулодда;

- пешниҳоди таҳлилҳо оид ба беҳбудии системаи таъмини амнияти озуқаворӣ бо роҳи ислоҳоти мавҷуда ё сиёсаги мақомоти нав, барои таъмини истеъмоли меъёри физиологии озуқаворӣ барои шаҳрвандон ва инчунин таҳлил ва ҷамъбасти маълумот дар бораи ҳолати амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳод ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- назорати амалигардонии фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ.

4) Мутобиқи вазифаҳои асосӣ Шӯро функсияҳои зеринро иҷро менамояд:

- таҳлили ҳолати рушди комплекси агросаноатй, инчунин рушди бозори дохилӣ ва берунии маҳсулоти ашёи хоми кишоварзиро вобаста ба амнияти озуқаворӣ мегузаронад;

- ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот оид ба фаъолияти системаи таъмини амнияти озуқавориро гузаронида, тавсияҳоро барои беҳбудии он пешниҳод менамояд;

- таҳия ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳои мақсаднок барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти озуқаворӣ;

- барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва идоракунии захираҳои (манбаъ) давлатии озуқаворӣ, нигоҳдорӣ, истифодабарии он ҳангоми cap задани ҳолатҳои фавқулодда масъул мебошад;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ дар тамоми сатҳҳо барои иҷрои фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти озуқаворӣ;

- назорати иҷрои қарорҳои Шӯрои амнияти озуқаворӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амнияти озуқаворӣ, бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида, муайян намудани сабаб ва шароитҳои он ва андешидани чораҳоро мегузаронад;

- ҳисоботи аъзои Шӯро, намояндагони мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо оид ба татбиқи Барномаи амнияти озуқаворӣ ва Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мешунавад;

- иҷрои дигар ваколатҳои пешбинишударо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

3. Ҳайати Шӯро ва тартиби ташаккули он

5) Ба ҳайати Шӯро намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ тибқи замимаи тасдиқгардида аз рӯи вазифа дохил мегарданд. Ҳамчунин дар кори Шӯро намояндагони бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок менамоянд;

6) Раиси Шӯро аз рӯи вазифа Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

7) Аъзои Шӯро ҳуқуқ надоранд ваколатҳои худро ба ашхоси дигар вогузор намоянд.

4. Тартиби кори Шӯро

8) Шаклҳои асосии фаъолияти Шӯро ҷаласаҳои Шӯро мебошанд. Ҷаласаҳои Шӯро мунтазам, вале на камтар аз як маротиба дар се моҳ доир гардида, дар ҳолати иштироки на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Шӯро эътибор пайдо мекунанд ва дар шакли протокол ба расмият дароварда мешаванд. Дар мавриди зарурат ҷаласаҳои ғайринавбатии Шӯро метавонанд доир гарданд.

9) Масъалаҳоро ҷиҳати ворид намудан ба баррасии Шӯро, Котиботи Шӯро дар асоси маводи пешниҳодгардида омода менамояд ва на дертар аз панҷ рӯз то оғози ҷаласа ба аъзои Шӯро ирсол менамояд. Инчунин, қисме аз маълумот ҷиҳати пешгирии фош гардидани сирри давлатӣ, вобаста ба захираҳои давлатӣ, таҳти мӯҳри махфӣ нигоҳ дошта, бо назардошти муҳимияти ҳамин мақсад, баъзе аз ҷаласаҳои Шӯро ба таври пӯшида, бо иштироки мақомоти дахлдор гузаронида мешаванд.

10) Шӯро дар доираи салоҳияти худ дар ҷаласаҳо вобаста ба масъалаҳои муҳокимашаванда қарор ва тавсияҳо қабул менамояд, ки онҳо бо овоздиҳии аксарияти аъзои Шӯро қабул карда мешаванд.

11) Ба ҷаласаҳои Шӯро намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, кишварҳои кӯмакрасон ва ширкатҳои хориҷӣ ба ҳайси нозир даъват шуда метавонанд.

12) Намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, кишварҳои кӯмакрасон ва ширкатҳои хориҷӣ метавонанд таклифҳои худро оид ба масъалаҳои вобаста ба татбиқи Барномаи амнияти озуқаворӣ ба баррасии Шӯро пешниҳод намоянд.

5. Ваколатҳои раиси Шӯро

13) Ба кори Шӯро роҳбарии умумӣ менамояд.

14) Рӯзномаи ҷаласа ва тартиби баррасии масъалаҳоро дар ҷаласаҳои Шӯро бо пешниҳоди Котиботи Шӯро муайян менамояд.

15) Дар ҳолати зарурӣ ҷаласаҳои ғайринавбатии Шӯроро даъват менамояд.

6. Ваколатҳои Котиботи Шӯро

16) Котиботи Шӯро мақоми кории Шӯро буда, таъмини иттилоотию таҳлилӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилию техникии фаъолияти онро анҷом медиҳад:

- вазифаҳои Котиботи Шӯро бо мусоидати шӯъбаҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷро расонида мешавад;

- роҳбарии умумии фаъолияти Котиботи Шӯро аз ҷониби Котиби Шӯро, ки бевосита ба Раиси Шӯро итоат мекунад, ба амал бароварда мешавад.

17) Котиботи Шӯро:

- лоиҳаи нақшаҳои кории Шӯро ва рӯзномаи ҷаласаи онро бо назардошти пешниҳодҳои аъзои Шӯро таҳия менамояд;

- омода намудани маводи заруриро оид ба баргузории ҷаласа ва қабули қарорҳои Шӯро таъмин менамояд;

- ташкил ва кори комиссияҳои байниидоравӣ ва гурӯҳҳои кории онро таъмин менамояд;

- ба Раиси Шӯро оид ба муайян намудани таърихи ҷаласаи навбатӣ ва рӯзномаи ҷаласа таклиф пешниҳод менамояд;

- даъват намудани ҷаласаҳои навбатӣ ва ғайринавбатии Шӯроро дар таърихи муайяннамудаи Раиси Шӯро таъмин менамояд;

- иҷрои қарорҳои Шӯроро назорат менамояд.

7. Комиссияҳои байниидоравӣ ва гурӯҳҳои кории Шӯро

18) Шӯро мутобиқи самтҳо ва вазифаҳои асосии худ комиссияҳои байниидоравӣ ё гурӯҳҳои кориро таъсис медиҳад, ки вобаста ба вазифаҳои гузошташаванда метавонанд дар асоси доимӣ ё муваққатӣ ташкил карда шаванд.

19) Масъалаи ташкил, муайян намудани вазифаҳо ва ҳайати шахсии комиссияҳои байниидоравӣ ё гурӯҳҳои кориро Шӯро бо пешниҳоди Котиботи Шӯро ҳал менамояд. Ҳангоми зарурат аз ҷониби аъзои Шӯро метавонанд тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд. Тартиби кори комиссияҳои байниидоравӣ ва гурӯҳҳои корӣ аз ҷониби Шӯро муайян карда мешавад.

20) Таъминоти иттилоотию таҳлилӣ ва ташкилию техникии фаъолияти комиссияҳои байниидоравӣ ва гурӯҳҳои кории Шӯроро вазорату идораҳое, ки намояндагони онҳо дар кори ин комиссияҳо ва гурӯҳҳои корӣ ширкат мекунанд, инчунин Котиботи Шӯро ба роҳ мемонанд.

21) Дар фаъолияти худ комиссияҳои байниидоравӣ ва гурӯҳҳои корӣ бо Котиботи Шӯро ҳамкорӣ менамоянд. Маводе, ки аз ҷониби ин комиссияҳо ва гурӯҳҳо ҷиҳати баррасӣ дар ҷаласаҳои Шӯро таҳия мешаванд, ба Котиботи Шӯро пешниҳод мегарданд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2011 № 359

тасдиқ шудааст

Ҳайати Шӯрои амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз рӯи вазифа)

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шӯро

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъули соҳа Муовини раиси Шӯро

Мудири Шӯъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, - котиби масъули Шӯро

Аъзои Шӯро:

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Директори Агентии стандартизасия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори Хадамоти зиддиинҳисории назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон