Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Точикистон
аз 1 июли соли 2011, № 333
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Точикистон
аз 1 июли соли 2011, № 333
тасдиқ шудааст
Тартиби гузаронидани муоинаи ҳатмии давлатии техникии тракторҳо, комбайнҳо, мошинҳои худгарди кишоварзӣ, мелиоративӣ, роҳсозию сохтмонӣ, ядак ва нимядакҳои тракторӣ, ки дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат мекунанд
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1) Тартиби гузаронидани муоинаи ҳатмии давлатии техникии тракторҳо, комбайнҳо, мошинҳои худгарди кишоварзӣ, мелиоративӣ, роҳсозию сохтмонӣ, ядак ва нимядакҳои тракторӣ, ки дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат мекунанд (минбаъд-Тартиб), санади меъёрии ҳуқуқӣ буда, тартиби муоинаи техникии тракторҳо, комбайнҳо, мошинҳои худгарди кишоварзӣ, мелиоративӣ, роҳсозию сохтмонӣ, ядак ва нимядакҳои тракториро (минбаъд-мошинҳо) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
2) Гузаронидани муоинаи ҳатмии давлатии техникии мошинҳо аз тарафи Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дар маҳал будаи он анҷом дода мешавад.
3) Иҷрои Тартиби мазкур аз тарафи ҳамаи хоҷагиҳо, корхонаю иттиҳодияҳо ва муассисаю ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, тобеият ва шакли моликият, инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, ки мошинҳо доранд, ҳатмист.
4) Вазифаҳои асосии муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ аз арзёбии ҳолати техникии мошинҳо, аниқ намудани миқдори онҳо, мансубият ва дигар маълумоти бақайдгирӣ, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳангоми истифодабарӣ, назорати саривақт аз муоинаи тиббӣ гузаштани механизаторон, суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандӣ иборат мебошад.
5) Ҳангоми гузаронидани муоинаи ҳатмии давлатии техникии мошинҳое, ки дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат мекунанд, Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ вазифаҳои асосии зеринро ҳал менамояд;
- санҷиши мутобиқати ҳолати техникии мошинҳо ба талаботи стандартҳо, дастурамалҳо, қоидаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- аниқ намудани миқдори онҳо, мансубият ва дигар маълумоти бақайдгирӣ;
пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истифодабарӣ;
...