Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2011 № 332 "Дар бораи тасдиқи Нақшаи миёнамӯҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2011-2013"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Нақшаи миёнамӯҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2011-2013

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати татбиқи Тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №211 тасдиқ гардидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Нақшаи миёнамӯҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2011-2013 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданин назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то якуми феврали ҳар соли тақвимӣ ба Комиссияи доимоамалкунандаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда рӯйхати ҳарсолаи хоҷагиҳое, ки бояд аз минтақаҳои хавфнок кӯчонида шаванд, таҳия ва пешниҳод намуда, назорати доимии ҷараёни кӯчонидани шаҳрвандонро мувофиқи нақша амалӣ намояд.

3) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 ба ин мақсад пешбинишуда тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" маблағгузории чорабиниҳои зеринро таъмин намоянд:

- ҷудо намудани маблағ ҷиҳати расонидани кӯмаки яквақтаина ба маблағи 100 сомонӣ ба сардори оила ва 50 сомонӣ ба ҳар як узви оила;

- ҷудо намудани маблағ ҷиҳати додани қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми 3000 сомонӣ ба ҳар як оила барои сохтмони хонаи истиқоматӣ.

4) Муқаррар карда шавад, ки маблағҳо барои расонидани кӯмаки яквақтаина ва додани қарзи имтиёзнок аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати аз тарафи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидани нусхаи қарорҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин барои кӯчонидани хоҷагиҳо аз минтақаҳои хавфнок ҷудо карда мешаванд.

5) Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" барои оилаҳое, ки дучори ярч, фурӯравии замин, тарма ва сел гардидаанд, аз ҳисоби маблағҳои ҷудонамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи имтиёзнокро барои сохтмони хонаҳои истиқомати мутобиқи шартномаҳои дуҷониба сари вақт пардохт намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 июли соли 2011 № 332

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 июли соли 2011 № 332

тасдиқ шудааст

Нақшаи миёнамӯҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2011-2013

Ниг. ба Замима