Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 № 733 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2006 "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №4, мод. 201; с. 2008, №12, қ. 2., мод. 1017; с. 2009, №3, мод. 89) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Аз моддаи 4(1) ва қисми 2 моддаи 9 калимаи "назди" хориҷ карда шавад.

2. Ба қисми 2 моддаи 7 пас аз калимаи "мегиранд" калимаҳои "ва ҳар моҳ ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри (ноҳияи) дахлдор ҳисобот пешниҳод менамоянд" илова карда шаванд.

3. Дар моддаи 9:

- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 9. Мақоми роҳбарикунанда, назоратӣ ва ҳамоҳангсозандаи фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ";

- қисми 1 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро роҳбарӣ менамояд.";

- қисмҳои 1, 2 ва 3 мувофиқан қисмҳои 2, 3 ва 4 ҳисобида шаванд.

4. Ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 23 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ҳангоми бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки яксола ё аз он калонтар бояд маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои ӯ, ки аз ҷониби бойгонии дахлдори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода шудааст, инчунин маълумотнома аз ҷойи таваллуд, ҷойи истиқомати кӯдак ва аз муассисаи таҳсилоти умумие, ки шаҳрванд дар он ҷо таҳсил мекунад, пешниҳод карда шавад.".

5. Дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 80 калимаҳои "Хулосаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ" ба калимаҳои "Хулосаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр (ноҳия)" ва калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр)" ба калимаҳои "Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаҳои асноди ҳолати шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

28 июни соли 2011 № 733

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш.Душанбе,

21 апрели соли 2011 № 397

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш.Душанбе,

9 июни соли 2011 № 184

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОЙ РЕГИСТРАЦИИ АКТОВ ГРАЖДАНСКОГО СОСТОЯНИЯ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 29 апреля 2006 года "О государственной регистрации актов гражданского состояния" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2006г., №4, ст. 201; 2008г., №12, ч. 2, ст. 1017; 2009г., №3, ст.89) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 41 и части 2 статьи 9 слова "при Министерстве" заменить словом "Министерства".

2. Часть 2 статьи 7 после слова "отцовства" дополнить словами "и ежемесячно представляют отчеты в соответствующие органы записи актов гражданского состояния города (района)".

3. В статье 9:

- название статьи изложить в следующей редакции:

"Статья 9. Руководящий орган, органы контроля и координации деятельности органов записи актов гражданского состояния";

- дополнить частью 1 следующего содержания:

"1. Министерство юстиции Республики Таджикистан руководит деятельностью органов записи актов гражданского состояния.";

- части 1, 2 и 3 соответственно считать частями 2, 3 и 4.

4. Второе предложение части 1 статьи 23 изложить в следующей редакции:

"При государственной регистрации рождения ребенка, достигшего возраста одного года и более, должна быть представлена справка об отсутствии регистрации документов на него, выданных соответствующим архивом органа записи актов гражданского состояния, а также справка с места рождения, места проживания ребенка и справка общеобразовательного учреждения, в котором гражданин обучается.".

5. В частях 2 и 3 статьи 80 слова "Заключение органа записи актов гражданского состояния" заменить словами "Заключение городского (районного) органа записи актов гражданского состояния" и слова "районного (городского) местного исполнительного органа государственной власти" и "районными (городскими) местными исполнительными органами государственной власти" соответственно заменить словами "Управления актов гражданского состояния Министерства юстиции Республики Таджикистан, отделов актов гражданского состояния Горно-Бадахшанской автономной области, областей и города Душанбе" и "Управлением актов гражданского состояния Министерства юстиции Республики Таджикистан, отделами актов гражданского состояния Горно-Бадахшанской автономной области, областей и города Душанбе".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

28 июня 2011 года № 733

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственной регистрации актов гражданского состояния"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственной регистрации актов гражданского состояния".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан Ш. Зухуров

г.Душанбе, 21 апреля 2011 года №397

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственной регистрации актов гражданского состояния"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственной регистрации актов гражданского состояния", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственной регистрации актов гражданского состояния".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 9 июня 2011 года №184