ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Ба қисми якуми моддаи 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7, мод. 398; с. 2006, №3, мод. 141; с. 2007, №5, мод. 350; №7, мод. 652; с. 2008, №12, қ. 1, мод. 981; с. 2009, №5, мод. 314; с.2011, №3, мод. 150) пас аз калимаҳои "ҳуқуқшиносӣ доранд" калимаҳои ", забони давлатиро медонанд" илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
28 июни соли 2011 № 731
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаҳои 36 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе,
25 майи соли 2011, № 435
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе
9 июни соли 2011 № 165
КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ОРГАНАХ ПРОКУРАТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"
Статья 1. Часть первую статьи 53 конституционного Закона Республики Таджикистан от 25 июля 2005 года "Об органах прокуратуры Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2005 г., №7, ст. 398; 2006 г., №3, ст. 141; 2007 г., №5, ст. 350; №7, ст. 652; 2008г., №12, ч. 1, ст. 981; 2009г., №5, ст. 314; 2011 г., №3, ст. 150) после слов "юридическое образование" дополнить словами ", владеющих государственным языком".
Статья 2. Настоящий конституционный Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
28 июня 2011 года № 731
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии конституционного Закона Республики Таджикистан "О внесении дополнения в конституционный Закон Республики Таджикистан "Об органах прокуратуры Республики Таджикистан"
В соответствии со статьями 36 и 40 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Маджлиси Оли Республики Таджикистан" Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять конституционный Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в конституционный Закон Республики Таджикистан "Об органах прокуратуры Республики Таджикистан".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш. Зухуров
г. Душанбе, 25 мая 2011 года №435
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О конституционном Законе Республики Таджикистан "О внесении дополнения в конституционный Закон Республики Таджикистан "Об органах прокуратуры Республики Таджикистан"
Рассмотрев конституционный Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в конституционный Закон Республики Таджикистан "Об органах прокуратуры Республики Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить конституционный Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в конституционный Закон Республики Таджикистан "Об органах прокуратуры Республики Таджикистан".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 9 июня 2011 года № 165