Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2007 № 277 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

"Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №5, мод. 348; соли 2005, №3, мод.120; соли 2006, №7, мод. 343) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Қисми 2 моддаи 6 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2. Тартиби амалӣ намудани ваколати мақоми иҷозатномадиҳанда, ба истиснои санҷиши фаъолияти шахси иҷозатномадор ҷиҳати муайян намудани мутобиқати он ба шарту талаботи иҷозатнома, тибқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият муқаррар карда мешавад.".

2. Дар қисми 1 моддаи 8 калимаҳои "5 сол" ба калимаҳои "на камтар аз 5 сол" иваз карда шаванд.

3. Қисми 2 моддаи 13 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2. Санҷиши фаъолияти шахси иҷозатномадор ҷиҳати муайян намудани мутобиқати он ба шарту талаботи иҷозатнома, аз ҷониби мақоме, ки иҷозатномаи дахлдорро додааст, мутобиқи Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба амал бароварда мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

 13 июни соли 2007 № 277

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурин Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе 

 11 майи соли 2007 № 568

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе 

 7 июни соли 2007 № 335

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

"О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 17 мая 2004 года "О лицензировании отдельных видов деятельности" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004., №5, ст. 348; 2005г., №3, ст. 120; 2006г., №7, ст. 343) следующие изменения:

1. Часть 2 статьи 6 изложить в следующей редакции:

"2. Порядок осуществления полномочий лицензирующего органа, за исключением проверок деятельности лицензиата на предмет её соответствия лицензионным требованиям и условиям, устанавливается Положением об особенностях лицензирования отдельных видов деятельности.".

2. В части 1 статьи 8 слова "5 лет" заменить словами "не менее 5 лет".

3. Часть вторую статьи 13 изложить в следующей редакции:

"2. Проверка деятельности лицензиата на предмет её соответствия лицензионным требованиям и условиям осуществляется органом, выдавшим соответствующую лицензию, в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О проверках деятельности хозяйствующих субъектов в Республике Таджикистан".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования".

Президент

Республики Таджикистан                                Э. Рахмонов

г.Душанбе 13 июня 2007 года № 277

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                       С. Хайруллоев

ш. Душанбе,11 мая 2007 года №568

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 7 июня 2007 года №335