Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, № 246 "Дар бораи Агентии хариди молҳо, кор ва хизматрасонӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.03.2008 № 126 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Агентии хариди молҳо, кор ва хизматрасонӣ

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома ва Сохтори дастгоҳи марказии Агентии хариди молҳо, кор ва хизматрасонӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Агентии хариди молҳо, кор ва хизматрасонӣ бо назардошти намояндагиҳои он дар минтақаҳо ба миқдори 30 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.

3. Ба Агентии хариди молҳо, кор ва хизматрасонӣ иҷозат дода шавад, ки як муовини Директор дошта бошад ва лимити автомашинаҳои сабукравӣ хизматӣ ба миқдори ду воҳид муайян карда шавад.

4. Маблағгузории Дастгоҳи марказии Агентии хариди молҳо, кор ва хизматрасонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба амал бароварда шавад.

5. Аз эътибор соқит дониста шаванд:

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2001 № 214 "Масъалаҳои вобаста ба Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон";

Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006 № 318 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба карори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 8 майи соли 2001 № 214 "Масъалахои вобаста ба Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 2 майи соли 2007 № 246

ш. Душанбе

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 5.03.2008г. №126

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об Агентстве по закупкам товаров, работ и услуг

В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 30 ноября 2006 года №9 "О совершенствовании структуры центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Положение и структуру Центрального аппарата Агентства по закупкам товаров, работ и услуг (приложения 1, 2).

2. Установить предельную численность сотрудников Агентства по закупкам товаров, работ и услуг с учетом ее представительств в регионах в количестве 30 единиц (без обслуживающего персонала).

3. Разрешить Агентству по закупкам товаров, работ и услуг иметь одного заместителя Директора и установить лимит на содержание служебных легковых автомобилей в количестве двух единиц.

4. Финансирование Центрального, аппарата Агентства по закупкам товаров, работ и услуг осуществлять за счет средств республиканского бюджета.

5. Признать утратившими силу:

Постановление Правительства Республики Таджикистан от 8 мая 2001 года №214 "Вопросы Агентства по закупкам товаров, работ и услуг при Министерстве экономики и торговли Республики Таджикистан";

Постановление Правительства Республики Таджикистан от 4 июля 2006 года №318 "О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 8 мая 2001 года №214  "Вопросы Агентства по закупкам товаров, работ и услуг при Министерстве экономики и торговли Республики Таджикистан".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                  Э.Рахмонов

от 2 мая 2007 года №246

ш. Душанбе