Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 190 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006 № 230 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006 № 230 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ"

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад;

Ба Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006 № 230 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ" тасдиқ шудаанд, тағйироти зерин ворид карда шавад:

Сархати якуми банди 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"6. Ба ҳайати Комиссияи тахассусӣ мутахассисони дастгоҳҳои марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Э. Раҳмонов

аз 3 апрели соли 2007 № 190

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 июня 2006 года №230 "Об утверждении Правил проведения аттестации на право осуществления аудиторской деятельности"

В соответствии со статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в Правила проведения аттестации на право осуществления аудиторской деятельности, утвержденные постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 июня 2006 года №230 "Об утверждении Правил проведения аттестации на право осуществления аудиторской деятельности", следующие изменения:

Первый абзац пункта 6 изложить в следующей редакции:

"6. В состав Квалификационной комиссии включаются специалисты центральных аппаратов Министерства финансов Республики Таджикистан, Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан, Государственного комитета по национальной безопасности Республики Таджикистан и Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                     Э.Рахмонов

от 3 апреля 2007 года №190

г. Душанбе