Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 110 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабди соли 2005 № 473"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабди соли 2005 № 473

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикикистон қарор мекунад:

1. Дар банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005 № 473 "Дар бораи тасдиқи Дастуруламали тартиби аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо" калимаҳои "Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давдатии", "Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии" мутаносибан ба калимаҳои "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии", "Кумитаи андози" иваз карда шаванд.

2. Дар Дастуруламали тартиби аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005 № 473 "Дар бораи тасдиқи Дастуруламали тартиби аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар банди 1 калимаҳои "Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии", "Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии" мутаносибан ба калимаҳои "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии", "Кумитаи андози" иваз карда шаванд;

- дар бандҳои 2, 5, 6 ва 7 калимаҳои "ва мақомоти Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ", "ё мақомоти Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" хориҷ карда шаванд.

3. Ҳайати Комиссияи байниидоравии аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005 № 473 "Дар бораи тасдиқи Дастуруламали тартиби аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо" тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2006 № 472 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005 № 473" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Э. Раҳмонов

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Э. Раҳмонов

аз 3 марти соли 2007 № 110

ш. Душанбе

аз 3 марти соли 2007 № 110

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 декабря 2005 года № 473

В соответствии со статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и Указа Президента Республики Таджикистан от 30 ноября 2006 года № 9 "О совершенствовании структуры центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. В пункте 3 постановления Правительства Республики Таджикистан от 2 декабря 2006 года № 473 "Об утверждении Инструкции о порядке списания безнадёжной задолженности по налогам, процентам и штрафам по ним" слова "Министерством по государственным доходам и сборам", "Фондом социальной защиты населения" заменить соответственно словами "Министерством труда и социальной защиты населения", "Налоговым комитетом".

2. В Инструкции о порядке списания безнадёжной задолженности по налогам, процентам и штрафам по ним, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 декабря 2005 года № 473 "Об утверждении Инструкции о порядке списания безнадёжной задолженности по налогам, процентам и штрафам по ним" внести следующие изменения:

- в пункте 1 слова "Министерства по государственным доходам и сборам", "Фонда социальной защиты населения" заменить соответственно словами "Министерства труда и социальной защиты населения", "Налогового комитета";

- в пунктах 2, 5, 6 и 7 исключить слова "и органов Фонда социальной защиты населения", "и органами Фонда социальной защиты населения".

3. Состав Межведомственной комиссии по списанию безнадёжной задолженности по налогам, процентам, и штрафам по ним при Министерстве финансов Республики Таджикистан, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 декабря 2006 года №473, "Об утверждении Инструкции о порядке списания безнадёжной задолженности по налогам, процентам и штрафам по ним" утвердить в новой редакции.

4. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 октября 2006 года № 472 "О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 декабря 2006 года №473"

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                Э. Рахмонов

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                Э. Рахмонов

от 3 марта 2007 года №110

г. Душанбе

от 3 марта 2007 года №110

...