Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи танзим ва пардохти сафарҳои хизматӣ
Бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 1997 № 692 "Дар бораи тадбирҳои иловагии ба тартиб даровардани сафарҳои хизматӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорату идораҳои ҷумҳурӣ вазифадор карда шаванд, ки аз 1 июли соли 1997 ҳаҷми хароҷоти сафарҳои хизматии кормандони дастгоҳи идораи корхонаю ташкилот ва муассисаҳои тобеашонро дар доираи маблағҳои бо ин мақсад пешбинишуда муқаррар намоянд.
Вазорату идораҳо меъёрҳои зикршударо ҳамзамон бо нишондиҳандаҳои молиявӣ барои соли дахлдор ба маълумоти корхонаю ташкилот ва муассисаҳо мерасонанд.
2. Муқаррар карда шавад, ки сафарҳои хизматии кормандони вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораю ташкилот ва муассисаҳо танҳо бо мувофиқаи роҳбарони онҳо иҷозат дода мешавад. Дар айни замон сафар тибқи тартиби тобеияти ташкилот бо даъвати роҳбари ин ташкилот ё бо мувофиқи он сурат мегирад.
Мӯҳлати сафари хизматии кормандон набояд аз 30 рӯз зиёд бошад. Ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва ба пойтахтҳои мамолики ИДМ то 5 рӯз, ба ғайр аз вақти дар роҳ будан, ҳисоб карда мешавад. Тамдиди мӯҳлати сафари хизматӣ бо иҷозати роҳбар ва бо иҷозати ашхоси ваколатдори дахлдори болоӣ, вале ба мӯҳлати на бештар аз 10 рӯз иҷозат дода мешавад. Дароз кардани мӯҳлати сафари хизматӣ ба ташкилоте, ки тибқи тартиби тобеияти болоӣ ба ҳисоб меравад, танҳо бо иҷозати роҳбари ин ташкилот иҷозат дода мешавад.
3. Аз 1 июли соли 1997 меъёри пардохту хароҷоти кирояи манзилгоҳ дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва пойтахтҳои давлатҳои ИДМ, ба ғайр аз ш. Душанбе ба андозаи баробар ба 50 доллари ШМА дар марказҳои вилоятҳо, дар дигар шаҳру марказҳои аҳолинишини давлатҳои аъзои ИДМ ва шаҳри Душанбе 10 доллари ШМА, дар маркази вилоятҳои ҷумҳурӣ 6 доллари ШМА ва дигар шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ 3 доллари ШМА муқаррар карда шавад.
Хароҷоти истифода, курпаву болин дар поездҳо низ баъд аз пешниҳод гардидани квитанция пардохта мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда 50 фоизи меъёри муқарраргардидаи хароҷоти кирояи манзилгоҳ, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба кормандон манзилгоҳи бепул дода мешавад, пушонида мешавад.
Хароҷоти роҳкирои баъди пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва дар сурати мавҷуд набудани ин ҳуҷҷатҳо бо иҷозати роҳбар аз руи арзиши ҳадди ақал талофӣ карда мешавад.
4. Пули харҷи шабонарӯзӣ ҳангоми сафарҳои хизматӣ дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва пойтахтҳои давлатҳои ИДМ ба ғайр аз шаҳри Душанбе ба андози баробар 20 доллари ШМА дар як шабонарӯз, дар дигар шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишини Давлатҳои ИДМ ва шаҳри Душанбе 8 доллари ШМА, дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ-3 доллари ШМА ва дигар маҳалҳои аҳолишини ҷумҳурӣ 2 доллари ШМА дар як шабонарӯз пардохта шавад.
Дар айни замон ба ташкилотҳои болоӣ, аз рӯи тобеияти ба сафари хизматӣ фиристодани кормандон бо даъвати роҳбари ин ташкилот сурат мегирад.
5. Ба шунавандагоне, ки барои таҳсил ба курсҳои такмили ихтисос берун аз кор берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ фиристода шудаанд, барои ҳар як рӯз дар давоми як моҳ ба надозаи баробар ба 5 доллари ШМА ва дигар қаламрави ҷумҳурӣ 3 доллари ШМА пули харҷи шабонарӯзӣ дода мешавад.
Мусофирати кормандоне, ки кору фаъолияташон дар роҳ анҷом меёбад, сафари хизматӣ ба ҳисоб намеравад.
6. Ба коргарону мутахассисон ва роҳбароне, ки барои иҷрои корҳои васлкунӣ, танзим ва сохтмон ба сафари хизматӣ фиристода шудаанд дар давоми дар ҷои кор буданашон ба ивази пули шабонарӯзӣ ба андозаи 50 фоизи ставкаи тарифӣ (маоши хизматӣ), вале на зиёдтр аз 2 доллари ШМА иловапулӣ дода мешавад.
Андозаи иловапулиҳо барои хислати сайёр ва сафари дошатни кор, иҷрои корҳо бо усули ваҳтавӣ ва кор дар шароити саҳро дар ҳар ҳолат набояд аз 2 доллари ШМА зиёд бошад
7. Роҳбарони ҳамаи вазорате, идораҳо вазифадор карда шаванд, ки назорати истифодаи дуруст ва сарфакоронаи харчи маблағҳои барои сафарҳои хизматӣ пешбинишударро тахти назорати қатъи гирифта, барои барҳам додани исрофкорӣ дар ин кор тадбирҳо андешанд, банақшагирӣ ва ташкили сафарҳои хизматиро оид ба омӯзиши вазъи маҳаллҳо беҳтар кунанд ва ашхосеро, ки барои хароҷоти ғайриқонунии маблағҳои давалат барои сафарҳои хизматӣ гунаҳкоранд, ба ҷавобгарӣ кашанд.
8. Ба бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода шавад, ки бо бонкҳои дахлдор оид ба таъмини табдили маблағҳои ҷудокардашуда ба ашхосе, ки ба сафарҳои хизматӣ ба давлатҳои аъзои ИДМ мераванд, бо асъори ин мамлакатҳо аз руи қурби онҳо нисбат ба рубли тоҷикӣ, ки бо тартиби банди 2 қарориҲукумати Ҷумҳурии Тоҷиуистон ва Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 маи соли 1995 № 320 муайян карда шудааст, чораҳои иловагӣ андешанд. Ҳангоми дар муассисаҳои бонкӣ мавҷуд набудани асъори он мамлакате, ки ба он ҷо сафари хизматӣ сурат мегирад, маблағҳои онҳоро ба асъори давлатҳои дигар барои табдили онҳо ба маҳали сафари хизматӣ, табдил намояд.
9. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 1995 № 188 "Дар бораи сафарҳои хизматӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои ИДМ" ва аз 3 сентябри соли 1996 № 390 "Дар бораи тартиби талофии сафархарчиҳо ба давлатҳои аъзои ИДМ" беэътибор дониста шаванд.
Раиси
ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 15 июли соли 1997, № 297
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
ОБ УПОРЯДОЧЕНИИ И ОПЛАТЕ СЛУЖЕБНЫХ КОМАНДИРОВОК
Во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 4 марта 1997 года "О дополнительных мерах по упорядочению служебных командировок", Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Обязать министерства и ведомства республики установить с 1-июля 1997 года лимиты расходов на служебные командировки работников аппарата управления подведомственных им предприятий, учреждений и организаций в пределах ассигнований на эти дели.
Министерства и ведомства доводят указанные лимиты до предприятий, учреждений и организаций одновременно с финансовыми показателями на соответствующий год.
2. Установить, что служебные командировки работников министерств, государственных комитетов, ведомств, предприятий, учреждений и организаций разрешаются по согласованию с руководителями. При этом командирование осуществляется в порядке подчиненности
Организации по вызову руководителя этой организации или по согласованию с ним
Срок командировки работников не должен превышать 20 дней, в городах Москве, Санкт-Петербурге и в столицах государств-членов СНГ до 5 дней, не считая времени нахождения в пути. Продление срока командировки допускается не более чем на 10 дней с разрешения руководителя и соответствующих уполномоченных должностных лиц. Продление срока командировки в вышестоящую в порядке подчиненности организацию производится только с разрешения руководителя этой организации.
Установить с 1 июля 1997 года нормы возмещения расходов по найму жилого помещения в размере эквивалентном 50 долларов США в городах Москве, Санкт-Петербурге, столицах государств членов СНГ, кроме города Душанбе, 10 долларов США - в других городах и населенных пунктах государств-ленов СНГ и городе Душанбе, 6 долларов США - в областных центрах республики и 3 доллара США в других городах, районах и населенных пунктах республики.
Возмещаются также затраты за пользование постельными принадлежностями в поездах по представленным квитанциям. При отсутствии оплаченных счетов расходы по найму жилого помещения возмещаются в размере 50 процентов от установленной нормы, кроме случаев, когда работникам представляется бесплатное помещение.
Расходы по проезду возмещаются по представлению подтверждающих документов, а в случае непредставления таковых, расходы возмещаются с разрешения руководителя по минимальной стоимости.
4. Оплату суточных при командировках производить в городах Москве, Санкт-Петербурге ив столицах государств-членов СНГ, кроме города Душанбе, в размере эквивалентом 20 долларов США, 8 долларов США-в других городах и населенных пунктах государств-членов СНГ и городе Душанбе, 3 долларов США-в областях, городских и районных центрах республики, 2 доллара-в других населенных пунктах республики.
При этом командирование в вышестоящие, в порядке подчиненности, организации осуществляется по вызову руководителя этой организации.
5. Для слушателей, обучающихся на курсах повышения квалификации с отрывом от производства за пределами республики, выплачиваются за каждый день командировки в течение одного месяца суточные в размере эквивалентом 5 долларов США, в пределах республики 2 доллара США.
Служебные поездки работников, постоянная работа которых протекает в пути, не признаются командировками.
6. Рабочим, специалистам и, руководителям, командированным для выполнения монтажных, наладочных и строительных работ, выплачивается за время нахождения в месте производств работ надбавка к заработной плате взамен суточных в размере 50 процентов тарифной ставки (должностного оклада), но не выше 2 долларов США.
Размер надбавок за подвижный, разъездной характер работы, при выполнении работ вахтовым методом и работе в полевых условиях во всех случаях не должен превышать 2 долларов США.
7. Обязать всех руководителей министерств и ведомств обеспечить строгий контроль за правильным и экономным расходование средств на служебные командировки, принять меры к ликвидации, излишеств в этом деле, улучшить планирование и организацию командировок по изучению работы на местах, привлекать к ответственности лиц, виновных в незаконном, расходовании государственных средств на служебные командировки.
8. Рекомендовать Национальному банку Таджикистан совместно с соответствующими банками принять дополнительные меры по обеспечению конвертации выделяемых средств лицам, выезжающим в служебные командировки в государства-члены СНГ в валюты этих государств по курсу к таджикскому рублу, определяемому в порядке, предусмотренным пунктом 2 постановления Правительства Республики Таджикистан и Национального банка Таджикистан от 5 мая 1995 года № 320. При отсутствии в учреждениях банков валюты государств, в которые выезжают работники, конвертировать их средства в валюту других государств для ее дальнейшей конвертации на месте прибыли.
9. Признать утратившим силу постановления Правительства Республики Таджикистан от 30 апреля 1996 года № 188 "О служебных командировках в пределах государств-членов СНГ" и от 3 сентября 1996 года № 390 "Об упорядочении возмещения командировочных расходов в государствах-членов СНГ".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 15 июля 1997 года № 297
г. Душанбе