Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 апрели соли 1997 № 163
тасдиқ шудааст
Низомномаи Кумитаи ҳамоҳангсозии миллии пешгирии СПИД ва БСҶ (бемориҳои сирояткунандаи ҷинсӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсозии миллии пешгирии СПИД ва бемориҳои дигари сирояткунандаи ҷинсӣ дар ҷумҳурӣ аз ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ ва кӯшиши вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ва дигар идораҳо ҷиҳати роҳ надодан ба густариши СПИД ва бемориҳои дигари сирояткунандаи ҷинсӣ иборатанд.
Кумитаи миллӣ фаъолияти худро дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ амалӣ мекунад.
2. Вазифаҳои асосии Кумитаи миллӣ;
таҳияи самтҳои афзалиятдор нисбат ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД ва бемориҳои сирояткунандаи ҷинсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
самаранок гузаронидани чорабиниҳои пешгирии зиддиэпидемӣ барои паҳн нагардидани СПИД ва бемориҳои сирояткунандаи ҷинсӣ дар ҷумҳурӣ;
ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо) дар соҳаи пешгирии СПИД ва бемориҳои сирояткунандаи ҷинсӣ;
таъмини назорати мунтазами иҷрои Барномаи давлатии мубориза бар зидди СПИД аз ҷониби вазоратҳо, идораҳо, ҳукуматҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
дарьёфти маблағҳои зарурӣ баҳри иҷрои самарабахши барномаи миллии муборизаи зидди СПИД ва назорати иҷрои онҳо;
ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи фаъолият бо идораҳои ҳукумати созмонҳои баиналмиллалӣ ва ғайриҳукуматӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ;
ба инобат гирифтани ҳисобот доир ба фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо) дар масъалаҳои пешгирии СПИД ва бемориҳои сирояткунандаи ҷинсӣ.
3. Кумитаи миллиро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайати Кумитаи миллӣ шахсони вазифадори вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дохил мешаванд.
Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии он доир ба пешгирӣ ва муборизаи зидди СПИД мақоми корӣ барои додани маслиҳат ва ёрии амалӣ ба ҳисоб мераванд.
Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ ва назоратро аз болои чорабиниҳое, ки барои роҳ надодан, нест кардан ва бартараф намудани ин беморӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ таҳия ва тасдиқ шудаанд, ба зимма дорад. Ба Кумитаи миллӣ дар мӯҳлатҳои муайяншуда доир ба масъалаҳои ВИЧ/СПИД ва бемориҳои сирояткунандаи ҷинсӣ ахборот пешниҳод мекунад.
Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва муборизаи зидди СПИД роҳбарии ташкилию методӣ, мониторинг ва арзьёбии фаъолиятро вобаста ба пешгирӣ ва табобати СПИД, ки хадамоти мухталиф анҷом медиҳанд, бо роҳ, мемонад, рӯйхати чорабиниҳоро ба Кумитаи миллӣ пешниҳод мекунад.
4. Функцияҳои асосии Кумитаи миллӣ:
иҷроиши чорабиниҳоро вобаста ба пешгирии паҳншавии сирояти касалиҳои ҷинсӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳамоҳанг месозад ва назорат менамояд; чорабиниҳоро оиди пешгирӣ ва аз байн бурдани сирояти ВИЧ/СПИД ва БСҶ таҳия менамояд;
ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба санадҳои қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва муборизаи зидди СПИД/БСҶ таклифҳо пешниҳод мекунад;
дар ташкили кори пешгирӣ, ташхис ва табобати ВИЧ/СПИД/ БСҶ, аз ҷумла ҷудо намудани маблағ кӯмаки зарурӣ мерасонад.
ПОЛОЖЕНИЕ о Национальном координационном Комитете по профилактике СПИД/БППП (болезни, передаваемые половым путем) в Республике Таджикистан
1. Основными направлениями деятельности Национального координационного Комитета по профилактике СПИД/БППП в Республике Таджикистан (далее-Национальный Комитет) является координация и осуществление взаимодействия министерств, ведомств, органов исполнительной власти на местах и других органов в проведении профилактических и противоэпидемических мероприятий по ВИЧ-инфекции (ВИЧ-вирус иммунодефицита человека).
Национальный Комитет в своей деятельности руководствуется Законами Республики Таджикистан, Указами Президента республики, постановлениями Правительства, иными нормативно-правовыми актами,
2. Основные задачи Национального Комитета:
разработка приоритетных направлений по профилактике и борьбе с ВИЧ/СПИД/БППП в Республике Таджикистан;
эффективное проведение профилактических и противоэпидемических мероприятий, направленных на недопущение распространения БИЧ/СПИД на территории республики;
координация работы министерств, ведомств, правительственных и неправительственных организаций, органов исполнительной власти (хукуматов) в деле профилактики ВИЧ/СПИД/БППП;
осуществление регулярного контроля выполнения Государственной программы по борьбе с заболеванием СПИД, министерствами, ведомствами, хукуматами областей, городов и районов республики;
изыскание необходимых ресурсов для эффективного выполнения Государственной программы по борьбе с заболеванием СПИД;
осуществление взаимодействия в различных сферах деятельности с правительственными международными и неправительственными организациями, аккредитованными в Республике Таджикистан и в других зарубежных странах;
заслушивание отчетов о деятельности министерств, ведомств, органов исполнительной власти (хукуматов) по вопросам профилактики СПИД/БИПП/.
3. Национальный Комитет возглавляет Заместитель Премьер-министра Республики Таджикистан. В состав Национального Комитета входят должностные лица министерств, ведомств, общественных организаций.
Рабочим органом для оказания консультативной и практической помощи являются Министерство здравоохранения Республики Таджикистан и его Республиканский центр по профилактике и борьбе со СПИД.
Министерство здравоохранения Республики Таджикистан осуществляет общее руководство и контроль за проводимыми мероприятиями по недопущению и ликвидации распространения ВИЧ-инфекции на территории республики. Представляет Национальному Комитету необходимую информацию по проблемам ВИЧ/СПИД/БППП.
Республиканский центр по профилактике и борьбе со СПИД осуществляет организационно-методическое руководство, мониторинг и оценку деятельности по профилактике к лечению СПИД, проводимую различными службами, и предлагает перечень необходимых мероприятий.
4. Основные функции Национального Комитета:
осуществляет координацию и контроль за выполнением мероприятий по предупреждению распространения инфекции на территорию республики;
разрабатывает и проводит мероприятия по локализации и профилактике ВИЧ-инфекции, СПИД и БППП;
вносит предложения Правительству Республики о внесении дополнений и изменений в законодательные и нормативно-правовые акты республики по вопросам профилактики и борьбы со СПИД/БППП;
оказывает необходимую помощь по организации работы по профилактике, диагностике и лечению ВИЧ/СПИД/БППП в том числе в выделении денежных средств.