Сархати 1 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 17.01.2001г. № 77 бекор шудааст
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 "Дар бораи асноди меъёрии хуқуқӣ", Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қapор мекунад:
1 Дар сархати бисту ҳафтуми банди 5 Низомномаи Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 1995 № 435 тасдиқ шудааст, баъди калимаи "фармонҳо" калимаҳои "ва асноди меъёрии ҳуқуқиро дар шакли қарор" илова карда шаванд.
2. Банди 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 января соли 1997 № 52 "Дар бораи Феҳрасти давлатии асноди ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"4. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи тартиби баҳисобгирии давлати ва сабти асноди меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд".
3. Дар сархатҳои якум ва дуюми банди 12 Низомномаи Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 1997 № 237 тасдиқ шудааст, баъди калимаҳои "фармону дастуруламал" калимаҳои "ва асноди меъёрию ҳуқуқиро дар шакли қарорҳо" илова карда шаванд.
4. Ба банди 2 Низомномаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 1997 № 385 тасдиқ шудааст, сархати дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад.
"Кумита дар асос ва ҷиҳати иҷрои Конститутсия, қонунҳои конститутсиони ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои меъёрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, карорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ асноди меъёрии ҳуқуқи мебарорад."
Раиси
Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 23 октябри соли 1999 № 445
ш. Душанбе
абз.1 Утратил силу в редакции Постановления Правительства РТ от 17.01.2001г.№77
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в некоторые решения Правительства Республики Таджикистан
В соответствии с Законом Республики Таджикистан от 13 ноября 1998 "О нормативно-правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Абзац двадцать седьмой пункта 5 Положения о Государственном комитете Республики Таджикистан по контрактам и торговле, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 26 июня 1995 года №435, после слов "издает приказы" дополнить словами "а "нормативно -правовые акты форме постановлений".
2. Пункт 4 постановления Правительства Республики Таджикистан от 20 января 1997 года №52 "О Государственном реестре юридических актов Республики Таджикистан изложить в следующей редакции:
"4. Министерству юстиции Республики Таджикистан представить на утверждение Правительства Республики Таджикистан Положение о порядке государственного учета и регистрации нормативных правовых актов Республики Таджикистан".
3. Абзацы первый и второй пункта 12 Положения о Государственном комитете Республики Таджикистан по делам промышленности, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 26 мая 1997 года №237, после слов "издает приказы и инструкции" дополнить словами "а нормативно "правовые акты- в форме постановлений".
4. Дополнить пункт 2 Положения о Государственном комитете Республики Таджикистан по управлению государственным имуществом, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 26 августа 1997 года №385, абзацем вторым следующего содержания:
"Комитет на основе и во исполнение Конституции, Конституционных законов и законов Республики Таджикистан, нормативных указов Президента Республики Таджикистан, постановлений Правительства Республики Таджикистан издает нормативные правовые акты в пределах своих полномочий".
Председатель
Правительством Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 23 октября 1999 года, №445
ш. Душанбе