Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2025, № 2158 «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Санаи амалкуни: 18.05.2025

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 2 апрели соли 2025, № 54
тасдиқ шудааст

 

бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 11 апрели соли 2025, № 29
ҷонибдорӣ шудааст


Моддаи 1. Ба сархати понздаҳуми қисми 4 моддаи 251 ва сархати ҳаштуми қисми 1 моддаи 286 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, №12, қ. 1, мод. 681; с. 2022, №1-3, мод. 18, №12, қ. 2, мод. 774; с. 2023, №1-3, мод. 8, №11, мод. 472; с. 2024, №5-6, мод. 267; Қонуни Ҷумҳурии Тоикистон аз 11 феврали соли 2025, №2143) пас аз калимаи «троллейбусҳо» калимаҳои «(агар аз санаи барориш 1 (як) сол нагузашта бошад)» илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур 1 моҳ пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 15 апрели соли 2025, № 2158


Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В НАЛОГОВЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Принят постановлением МН МОРТ
от 2 апреля 2025 года, №54
Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 11 апреля 2025 года, №29

Статья 1. Абзац пятнадцатый части 4 статьи 251 и абзац восьмой части 1 статьи 286 Налогового кодекса Республики Таджикистан от 23 декабря 2021 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2021 г., №12, ч. 1, ст. 681; 2022 г., №1-3, ст. 18, №12, ч. 2, ст. 774; 2023 г., №1-3, ст. 8, №11, ст. 472; 2024 г., №5-6, ст. 267; Закон Республики Таджикистан от 11 февраля 2025 года, №2143) после слова «троллейбусов» дополнить словами «(если дата выпуска не превышает 1 (один) год)».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие по истечении 1 месяца после его официального опубликования.

Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе 15 апреля 2025 года №2158