Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 аз 30 августи соли 2024, № 479

Санаи амалкуни: 30.08.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 августи соли 2024, № 479
тасдиқ шудааст

 Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ 

1. Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 (минбаъд - Стратегия) ҳадаф, вазифа ва афзалиятҳои ошкорсозии бармаҳали бемориҳо, паст кардани сатҳи беморшавӣ, коҳиш додани фавти бармаҳал ва маъюбият аз бемориҳои ғайрисироятӣ ва беҳтар намудани сифати ҳаётро муайян менамояд.

2. Тибқи гузориши Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар иҷлосияи 77-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Мутаҳид, ки моҳи сентябри соли 2022 баргузор гардид, бемориҳои ғайрисироятӣ яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустӣ ва рушд дар ин аср мебошад. Аз бемориҳои ғайрисироятӣ ҳар ду сония як нафар одами синни то 70 мефавтад, онҳо ҳар сол ҳаёти 41 миллион нафарро аз байн бурда, тақрибан аз чор се ҳиссаи фавт дар ҷаҳон мебошанд.

3. Масъалаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ чун дар дигар давлатҳои аъзои Бюрои Аврупоии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва умуман ҷаҳони муосир масъалаи мубрам арзёбӣ мегардад. Зеро бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла бемориҳои дилу раг, саратон, осебҳо, диабети қанд, бемориҳои музмини шушу роҳҳои нафас, ихтилоли солимии равонӣ яке аз сабабҳои асосии маъюбшавӣ ва зиёда аз 70 дарсад фавти шаҳрвандон дар ҷаҳон мебошанд. Оқибатҳои ин бемориҳо аз доираи соҳаи тандурустӣ берунанд ва ҳамкории фаъоли байнисоҳавӣ барои ҳалли мушкилот зарур аст.

4. Тасдиқи Конвенсияи қолабии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку ва ба имзо расидани Эъломияи Вена оид ба ғизо ва бемориҳои ғайрисироятӣ дар партави сиёсати «Саломатӣ 2020» ва ҳамроҳшавӣ ба ҳаракати глобалӣ оид ба васеъшавии ғизо ҷонибдории баланди кишварро аз ҳалли масоили марбут бо бемориҳои ғайрисироятӣ нишон медиҳад ва дар маҷмуъ метавонад барои мудохилаи фаъолтар ҷиҳати идоракунии беҳтари хатарҳои бемориҳои ғайрисироятӣ мувофиқ эътироф гардад.

5. Барои бартараф кардани сарбории зиёд шудани бемориҳои ғайрисироятӣ дар ҷаҳон соли 2012 Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар доираи қатъномаи «WHA 65.8» ҳадафи муҳимми глобалиро барои коҳиш додани фавти бармаҳал аз бемориҳои ғайрисироятӣ то 25 дарсад то соли 2025 тасдиқ кардааст. Сарфи назар аз талошҳои соҳаи тандурустӣ, пешгӯии сарбории бемориҳо номусоид боқӣ мемонад ва бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамчун патологияи пешбаранда боқӣ мемонанд.

2. ТАҲЛИЛИ УМУМИИ ВАЗЪ ВА САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СТРАТЕГИЯ

6. Ҳангоми таҳлили маълумоти ҷаҳонӣ оид ба сабабҳои асосии фавт дар байни ҳамаи бемориҳое, ки аз ҷониби Донишкадаи андозагирии нишондиҳандаҳо ва баҳодиҳии ҳолати саломатӣ дар соли 2019 пешниҳод шудаанд, бемории ишемиявии дил - 16,17 дарсад ва вайроншавии хунгардии майнаи сар (инсулт) - 11,59 дарсад, саратон - 17,7 дарсад, диабети қанд - 2,7 дарсад ва бемориҳои музмини обструктивии шуш - 5,8 дарсадро ташкил менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи бемориҳо нисбатан баландтар буда, ишемиявии дил - 27,8 дарсад, вайроншавии хунгардии майнаи сар - 12,2 дарсад ва диабети қанд - 3,4 дарсад, бемориҳои саратон - 10,8 дарсад ва каме пасттар бемориҳои музмини обструктивии шуш - 2,33 дарсад мебошад.

7. Тавре маълум аст, инкишофи бемориҳои ғайрисироятӣ аз таъсири омилҳои хавф вобаста буда, онҳо ба тағйирнашаванда (синну сол, ҷинс ва ирсият) ва тағйирёбанда тақсим мешаванд. Дар баробари ин омилҳои тағйирёбанда низ ба ду гурӯҳи калон тақсим мешаванд: рафторӣ (истифодаи тамоку, аз ҷумла бедуд (нос), суйистифода аз машрубот, ғизои носолим ва фаъолияти нокифояи ҷисмонӣ (гиподинамияи ҷисмонӣ) ва биологӣ (гипертонияи шараёнӣ, диабети қанд/вайроншавии таҳаммулпазирӣ ба глюкоза, фарбеҳӣ ва дислипидемия), ки бевосита аз омилҳои рафтор вобаста аст.

8. Солҳои 2017 ва 2023 дар Тоҷикистон бо дастгирии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ таҳқиқоти паҳншавии омилҳои хавф барои бемориҳои ғайрисироятӣ дар байни шахсони 18-69-сола (2718 нафар) гузаронида шуд. Тибқи маълумоти таҳқиқот коҳиши нисбатан ками чунин омилҳои хавфи рафторӣ, ба монанди гиподинамия (аз 28,3 дарсад то 24,7 дарсад), истеъмоли ками мева (аз 62,7 дарсад то 52,2 дарсад), истеъмоли намак (аз 31,2 то 21,6 дарсад), истеъмоли тамоку (аз 13,5 дарсад то 13,1 дарсад), суйистифода аз машрубот (аз 5,0 дарсад то 1,9 дарсад) мушоҳида мешавад. Таҳқиқот афзоиши вазни зиёдатӣ ва фарбеҳиро нишон дод, ки ҳиссаи шахсони фарбеҳ дар соли 2017 13,5 дарсадро ташкил дод, дар соли 2023 то 16,9 дарсад афзоиш ёфт, шумораи шахсони вазни зиёд аз 33,2 дарсад то 33,9 дарсад каме афзуд ва дар маҷмуъ нишондиҳандаи умумии фарбеҳӣ ва вазни зиёд аз 46,7 дарсад то 50,8 дарсад афзоиш ёфт. Пастшавии ками паҳншавии гипертензияи шараёнӣ 1,7 дарсад: аз 32,2 дарсад то 30,5 дарсад мушоҳида мешавад. Шумораи шахсоне, ки дар таҳқиқот фишори шараёниашон чен карда шуд, гипертензияи шараёнӣ ошкор карда нашуд: аз 51,2 дарсад то 56,5 дарсад афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи шахсоне, ки ҳеҷ гоҳ фишори шараёниашонро чен накардаанд, аз 34,9 дарсад то 27,2 дарсад ва ҳиссаи шахсоне, ки гипертензияи шараёнии ошкоршуда доранд, аз 13,9 дарсад то 11,6 дарсад коҳиш ёфтааст. Ҳиссаи қабулкунандагони табобати зиддигипертензивӣ аз 13,0 дарсад то 26,9 дарсад беш аз 2 маротиба афзудааст, аммо ҳангоми афзоиши нишондиҳандаи назоратшавандаи фишори шараёнӣ аз 4,0 дарсад то 11,4 дарсад, ҳамзамон нишондиҳандаи назоратнашавандаи фишори шараёнӣ дар қабулкунандагони зиддигипертензивӣ аз 9,0 дарсад то 15,5 дарсад афзоиш ёфтааст. Инчунин таҳқиқот нишон дод, ки гликемияи вайроншуда дар меъдаи холӣ нисбатан баланд аст - 6,5 дарсад ва сатҳи баланди глюкоза дар меъдаи холӣ - 4,5 дарсади соли 2017 соли 2023 мувофиқан ба 10,2 дарсад ва 6,9 дарсад афзоиш ёфтааст. Паҳншавии гиперхолестеринемия аз 10,4 дарсад то 13,5 дарсад афзоиш ёфт. Нишондиҳандаҳои пешгирии оризаҳои дилу раг, ба монанди истеъмоли аспирин аз 2,0 дарсад то 3,2 дарсад ва статинҳо аз 0,5 дарсад то 1,9 дарсад беҳтар шуданд.

...


Утверждена 
постановлением Правительства 
Республики Таджикистан 
от «30» августа 2024 года, №479

 Стратегия профилактики и контроля неинфекционных заболеваний и травматизма в Республике Таджикистан на период до 2040 года

1. ВВЕДЕНИЕ

1. Стратегия профилактики и контроля неинфекционных заболеваний и травматизма в Республике Таджикистан на период до 2040 года (далее - Стратегия) определяет цели, задачи и приоритеты по раннему выявлению заболеваний, снижению уровня заболеваемости, снижению преждевременной смертности и инвалидности от неинфекционных заболеваний и улучшению качества жизни.

2. В докладе Всемирной Организации Здравоохранения на 77-й сессии Генеральной Ассамблеи Организация Объединенных Наций, которая прошла в сентябре 2022 года, неинфекционные заболевания представляют собой одну из самых серьезных проблем здравоохранения и развития в этом столетии. Каждые две секунды от неинфекционных заболеваний умирает один человек в возрасте до 70 лет, они уносят 41 миллион жизней каждый год и являются причиной почти трех четвертей смертей в мире.

3. Вопрос профилактики и контроля неинфекционных заболеваний, как в других государствах-членах Европейского бюро Всемирной Организации Здравоохранения, так и в современном мире в целом, является важным оценочным вопросом. Потому что неинфекционные заболевания, в том числе сердечно-сосудистые заболевания, рак, травмы, диабет, хронические заболевания легких и органов дыхания, психические расстройства являются одной из основных причин инвалидности и более 70 процентов смертей граждан в мире. Последствия этих заболеваний выходят за рамки сферы здравоохранения, и для решения возникающих проблем необходимо активное отраслевое сотрудничество.

4. Ратификации Рамочной Конвенции Всемирной Организации Здравоохранения по борьбе против табака и подписание Венской декларации о питании и неинфекционных заболеваниях в контексте политики «Здоровье 2020» и вступлением в глобальное движение по расширению питания показывает высокую приверженность страны к решению проблем с неинфкционными заболеваниями и в целом может быть признана приемлемым для более активной интервенции с целью лучшего управления рисками неинфекционных заболеваний.

5. Для преодоления растущего бремени неинфекционных заболеваний в мире в 2012 году Всемирная ассамблея здравоохранения в рамках резолюции «WHA 65.8» утвердила важную глобальную цель по снижению преждевременной смертности от неинфекционных заболеваний до 25 процентов к 2025 году. Несмотря на усилия здравоохранения, прогноз бремени болезней остаётся неблагоприятным, а ведущей патологией остаются хронические неинфекционные заболевания.

2. ОБЩИЙ АНАЛИЗ СИТУАЦИИ И ПРИОРИТЕТНЫЕ НАПРАВЛЕНИЯ СТРАТЕГИИ

6. При анализе глобальных данных ведущих причин смертности среди всех заболеваний, предоставленными Институтом измерения показателей и оценки состояния здоровья за 2019 год рейтинг возглавляет ищемические болезни сердца – 16,17 процента и инсульты – 11,59 процента, онкологические заболевания – 17,7 процента, сахарный диабет – 2,7 процента и хронические обструктивные болезни лёгких – 5,8 процент. В Республике Таджикистан отмечаются более высокие показатели ищемических болезней сердца – 27,8 процента, инсультов – 12,2 процента и сахарного диабета – 3,4 процента, тогда как онкологические заболевания – 10,8 процента и хронические обструктивнҷе болезни легких – 2,33 процента несколько ниже.

7. Как известно, развитие неинфекционных заболеваний зависит от влияния факторов риска, которые делятся на неизменяемые (возраст, пол и наследственность) и изменяемые. При этом изменяемые факторы также подразделяются на две большие группы: поведенческие (употребление табака, в том числе бездымного (насвая), злоупотребление алкоголя, нездоровое питание и недостаточная физическая активность (гиподинамия)) и биологические (артериальная гипертензия, сахарный диабет/нарушение толорантности к глюкозе, ожирение и дислипидемия), непосредственно зависящие от поведенческих факторов.

...