ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру тловаҳо ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №10, моддаи 146; соли 1999, №11, моддаи 278; соли 2003, №8, моддаи 453; соли 2005, №12, моддаи 642; соли 2006, №3, моддаи 147) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
1. Моддаи 1 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ - фаъолиятест, ки ба таври ошкоро ё махфӣ аз ҷониби мақомоти давлатии мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин фаъолият ваколатдоршуда ба воситаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ иҷро гардида, мақсадаш муҳофизати ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат аз таҷовузҳои ҷиноятӣ мебошанд;
- чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ - маҷмӯи чорабиниҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври ошкоро ё махфӣ аз ҷониби мақомоти давлатии ба ин кор ваколатдоршуда бо мақсади ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ амалӣ мегардад;
- пурсиши оперативӣ - ҷамъоварии маълумоти воқеие, ки барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зарур мебошад ва аз суханони шахси пурсидашавандае, ки воқеан ва ё эҳтимолан дорои маълумот аст, гирифта мешавад;
- ҷамъоварии маълумот - гирифтани маълумоти барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зарур тавассути фиристонидани дархост ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки чунин маълумотро дорад ё метавонад дошта бошад, ҳамчунин гирифтани он бо роҳи бевосита шинос шудан бо сарчашмаҳои моддии дахлдор, аз ҷумла аз манбаи маълумотҳои оперативӣ, криминалистӣ, дигар манбаи маълумотҳо (ҳисоботҳо), сохтори иттилоотӣ ва дигар сарчашмаҳо;
- ҷамъоварии оперативии намунаҳо барои таҳқиқоти муқоисавӣдарёфт намудан, гирифтан ва нигоҳ доштани (консерватсияи) сарчашмаҳои моддии иттилоотие, ки дар худ изи ҷиноят ё изи шахси ҷиноят содирнамударо доранд, ҳамчунин ашёҳое, ки ба сифати объекти таҷовузи ҷиноятӣ хизмат кардаанд ва ё метавонанд ҳамчун воситаи муайян намудани кирдори ба ҷамъият хавфнок ва шахсони ба он дахлдошта бо мақсади муқоиса намудани онҳо бо маводҳо ва ашёҳои монандшавандаи шахсони дар омӯзишбуда барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусоидат кунанд;
- ҷустуҷӯи шахсӣ - шакли ба амал баровардани усул ва маҷмӯи ҳаракатҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки бевосита аз тарафи корманди мақомоти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо мақсади дарёфти маълумоти зарури оперативӣ ва ҳалли вазифаҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ анҷом дода мешавад;
- харидории озмоишии оперативӣ - аз ҷониби мақомоти татбиқкунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таҳти назорати оперативӣ мол ё ашё бе мақсади истеъмол ва ё ба соҳибияти каси дигар додан аз шахсе, ки асоснок ба содир намудани ҷиноят гумонбар шудааст, бо мақсади гирифтани маълумот дар бораи эҳтимолияти фаъолияти ҷиноятӣ ва ҳамчунин барои ҳалли дигар вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ музднок ба даст оварда мешавад;
- таҳқиқи оперативии ашё, ҳуҷҷатҳо ва дигар объектҳо - омӯзиши ашёҳо, ҳуҷҷатҳо ва дигар объектҳое, ки дар худ аломатҳои ҷиноятиро боқӣ гузоштаанд ё метавонанд боқӣ гузоранд, олоти содир кардани ҷиноят ва ё натиҷаи фаъолияти ҷиноятӣ ба ҳисоб рафтаанд ё метавонистанд ба ҳисоб раванд, бо мақсади ошкор намудани изҳо ва олотҳои содир кардани ҷиноят ва натиҷаҳои фаъолияти ҷиноятӣ;
- назорати оперативӣ - бо назар ё тарзи дигар дарк кардан ва ба қайд гирифтани зуҳуротҳо, ҳодисаҳо, кирдорҳо, воқеаҳо ва равандҳо, ки барои ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муҳиманд;
...