ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, тартиби амали системаи шарикии иҷтимоиро ҳамчун муҳимтарин шакли танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ ва муносибатҳои ба онҳо алоқаманди иқтисодӣ, ки ба таҳкими ҳамкории иҷтимоӣ ва ризоияти ҷамъиятӣ мусоидат мекунад, муайян месозад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
-шарикии иҷтимоӣ-ҳамкории иштирокчиёни муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатие, ки ба таъмини мувофиқати манфиатҳои кормандон, корфармоён ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ равона гардидаанд;
-системаи шарикии иҷтимоӣ-принсипҳо ва қоидаҳое, ки тавассути онҳо дар сатҳу сохторҳои гуногун, бо мақсади ҳосил шудани ризоияти тарафҳо, қабули қарорҳои муштарак, татбиқи амалиёти якҷоя ва пешгирии ихтилофот, ҳамкории иштирокчиёни муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ созмон дода мешавад;
-муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ -маҷмӯи муносибатҳо байни кормандон ва корфармоён;
-тарафҳои шарикии иҷтимоӣ (минбаъд -Тарафҳо) -мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандон ва корфармоён дар шахси намояндагони ваколатдори онҳо тибқи тартиби муқарраргардида;
-мақомоти системаи шарикии иҷтимоӣ-комиссияҳои ба танзимдарории муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатии сатҳи дахлдор, ки аз тарафи шарикони иҷтимоӣ дар асоси баробарҳуқуқӣ ва усулҳои ҳамкории баробар ташкил карда мешаванд;
-корфармо- мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, шахси ҳуқуқӣ, ҳамчунин намояндагӣ ва бахшҳои он ва шахси воқеие, ки тибқи қонунгузорӣ дорои хуқуқи бо корманд бастан ва қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мебошанд;
-намояндагони кормандон - мақомоти иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо (ҷумҳуриявӣ, соҳавӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ), ки мувофиқи оинномаҳои онҳо ҳамчун намоянда ваколатдор шудаанд, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии дар маҷлиси умумии (конференсия) кормандони ташкилот таъсисёфта ва аз ҷониби онҳо ваколатдоршуда;
-корманд-шахсе, ки бо корфармо дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатии басташуда дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор дорад;
...