Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006, № 300 "Дар бораи Нақшаи миллӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо зукоми парранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Нақшаи миллӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо зукоми парранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистои барои солҳои 2006-2010

Мутобиқи моддаҳои 13 ва 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади пешгирии алангаи эҳтимолии зукоми парранда дар байни аҳолӣ ва мубориза бо он дар ҳолатҳои фавқулодда Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистрн қарор мекунад:

1. Нақшаи миллии замимагардида оид ба пешгирӣ ва мубориза бо зукоми парранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 тасдиқ карда шавад.

2. Гурӯҳи корӣ ҷиҳати амалӣ намудани Нақшаи миллӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо зукоми парранда дар Ҷумхурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 таьсис дода шуда, ҳайати он тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

3. Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, корхона ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият барои татбиқи бомуваффақияти мақсад ва вазифаҳои пешбининамудаи Нақшаи миллӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо зукоми парранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистои барои солҳои 2006-2010 тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- барномаи комплексии пешгирӣ ва мубориза бо зукоми паррандаро дар байни паррандагон ва одамон барои давраи то соли 2010 таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;

- маблағгузории Нақшаи мазкурро дар доираи маблағҳои ҳамасола барои соҳаҳои кишоварзӣ ва тандурустӣ пешбинишуда ва маблағҳое, ки аз тарафи донорҳо ҷалб карда мешаванд, амалӣ намоянд;

- якҷоя бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воситаҳои ахбори умум таблиғи муқаррароти асосии Нақшаи мазкурро таъмин намоянд.

Раиси

ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

Раиси

ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 4 июли соли 2006 № 300

ш. Душанбе

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Национальном плане по профилактике и борьбе с птичьим гриппом в Республике Таджикистан на 2006-2010 годы

В соответствии со статьями 13 и 14 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и в целях предотвращения вероятных вспышек гриппа птиц среди населения и борьбы с ней в чрезвычайных ситуациях Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить прилагаемый Национальный план по профилактике и борьбе с птичьим гриппом в Республике Таджикистан на 2006-2010 годы.

2. В целях реализации Национального плана по профилактике и борьбе с птичьим гриппом в Республике Таджикистан на 2006-2010 годы образовать рабочую группу и утвердить ее состав (прилагается).

3. Министерствам и ведомствам, председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов, предприятиям, организациям, независимо от форм собственности принять все необходимые меры для успешной реализации цели и задач, предусмотренных Национальным планом по профилактике и борьбе с птичьим гриппом в Республике Таджикистан на 2006-2010 годы.

4. Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан и Министерству здравоохранения Республики Таджикистан:

- разработать комплексную программу по профилактике и борьбе с птичьем гриппом и людей на период до 2010 года и представить в Правительство Республики Таджикистан;

- финансирование данного плана осуществлять в пределах средств, ежегодно предусматриваемых для отраслей сельского хозяйства и здравоохранения и средств, поступающих от доноров;

- совместно с Комитетом по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан и другими средствами массовой информации обеспечить пропаганду основных положений указанного Плана.

Председатель

Правительства

Республики Таджикистан Э. Рахмонов

Председатель

Правительства

Республики Таджикистан Э. Рахмонов

...