ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 "Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, № 23, моддаи 340; соли 2000, № 11, моддаи 533, моддаи 552; соли 2004, № 2, моддаи 37, моддаи 53; соли 2005, № 3, моддаи 118, №7, моддаи 408) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқи, таъинот, вазифаҳо, ҳайат, принсипҳои ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.".
2. Ба моддаи 1 қисми якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ буда, дорои Қувваҳои Мусаллаҳи худ мебошад .".
3. Дар қисми якуми моддаи 2:
сархати чорум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудудӣ;"
дар сархати панҷум калимаи "кардан" хориҷ карда, калимаи "байналхалқӣ" ба калимаи "байналмилалӣ" иваз карда шавад.
4. Моддаи 3 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.".
5. Дар ном ва матни моддаи 4 калимаи "сохтмон" ба калимаи "ташкил" иваз карда шавад.
...