Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Оинномаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Оинномаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 1999 № 6 тасдиқ гардидааст, тағйироту иловаҳо зайл ворид карда шаванд:
1. Дар банди 1-и матни тоҷикӣ калимаи "депозитҳо" ба калимаи "амонатҳ" иваз карда шавад.
2. Дар сарсатри дуюм банди 5 калимаҳои "нуқтаҳои ваколатдор" ба калимаҳои "шӯъбаҳо" иваз карда шаванд.
3. Дар бандҳои 5, 19, 32, 39 ва 46-и матни тоҷикӣ калимаи "баланс" ба калимаи "тавозун" иваз карда шавад.
4. Дар сарсатри якуми банди 6 ва банди 7 калимаҳои "нуқтаҳои ваколатдори" ба калимаи "шӯъбаҳо" иваз карда шавад.
5. Дар банди 10-и матни тоҷикӣ калимаҳои "муқаррароти қонун" ба калимаҳои "муқаррарнамудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
6. Дар банди 11- и матни тоҷикӣ калимаҳои "дар вақту замон" бо калимаҳои "сари вақт" иваз карда шаванд ва баъд аз калимаи "қарзгиранда" калимаи "гарав" илова карда шавад.
7. Дар банди 12-и матни тоҷикӣ калимаҳои "муқаррароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" ва "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
8. Дар зербанди "в" банди 15-и матни тоҷикӣ калимаи "ставкаҳои" ба калимаи "меъёрҳои" иваз карда шавад.
9. Дар зербанди "а" банди 16-и матни тоҷикӣ калимаҳои "муомилот бо" ба калимаи "ҷойгиркунии" иваз карда шавад.
...