Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 марти соли 2004, № 139
тасдик шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 марти соли 2004, № 139
тасдик шудааст
Тартиби барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ ва додани хулосаи санитарию эпидемиологӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024
№ 673)
1. Ин Тартиб дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ" ҷорӣ карда мешавад ва барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ ва ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба фаъолияти хоҷагӣ ва ғайра машғулбуда додани хулосаҳои санитарию эпидемиологиро танзим менамояд.
2. Хулосаи санитарию эпидемиологӣ - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мутобиқати (номутобиқатии) омилҳои муҳити зист, фаъолияти хоҷагӣ ва ғайра, маҳсулот, корҳо, хизматрасонӣ, инчунин лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ, лоиҳаҳои сохтмони объектҳо, ҳуҷҷатҳои истифодабарӣ ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ.
3. Бо ин ҳуҷҷат тартиби барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ ва додани хулосаҳои санитарию эпидемиологиро, ки аз ҷониби мақомоти хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, муқаррар карда мешавад.
4. Хулосаи санитарию эпидемиологӣ ба инҳо дода мешавад:
нигоҳдорӣ ва истифодабарии биноҳои истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ ва истиқоматӣ, иморату иншоот, таҷҳизот мувофиқи талаботи санитарию гигиенӣ:
лоиҳакашӣ ва иморатсозии маҳалҳои аҳолинишин, интихоби қитъаи замин барои сохтмон;
маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳо барои эҳтиёҷоти шахсию маишӣ ва технологияҳои истеҳсоли онҳо;
маҳсулоти озука, истеҳсоли онҳо, иловаҳои ғизоӣ, ашёи хоми озуқа, инчунин зарфҳои озуқа, маснуот ва технологияҳои истеҳсоли онҳо;
...