ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба мададрасонӣ дар ҳолати садамаи ядроӣ ё вазъияти садамавии радиатсионӣ
Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба мададрасонӣ дар ҳолати садамаи ядроӣ ё вазъияти садамавии радиатсионӣ, ки 26 сентябри соли 1986 имзо гардидааст, ҳамроҳ шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Директори генералии Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомиро оид ба қарори мазкур огоҳ намояд.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 6 майи соли 2011, № 407
ш. Душанбе, 6 майи соли 2011, № 407
...