Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 феврали соли 2011 № 1021
тасдиқ шудааст
Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Фармони Президенти ҶТ аз 25.08.2015 № 551)
(Фармони Президенти ҶТ аз 25.08.2015 № 551)
Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун василаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро инкишофу пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст. Дақиқ муайян намудани зарурати таҳияи лоиҳаи қонунҳо, муқоисаи онҳо бо қонунҳои амалкунанда, омӯзиш ва муайян намудани мувофиқати қонунҳои қабулшаванда ба талаботи замон ва ҷомеа, инчунин аз нигоҳи илмӣ асоснок намудани онҳо имкониятҳои зиёд доранд ва бояд аз он ҳар чӣ бештар ва самаранок истифода карда шавад.
Дар заминаи ин омилҳо ва бо мақсади рушду такомули санадҳои қонунгузорӣ, ки муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро танзим менамоянд, зарурияти таҳияи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст.
1. Муқаррароти умумӣ
1) Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Консепсия) бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои муҳими низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани самтҳои асосӣ ва тарзу усулҳои такмили қонунгузорӣ тибқи принсипҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ таҳия карда шудааст.
2) Самтҳои афзалиятноки Консепсия баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо ва татбиқи самарабахши онҳо дар ҳаёти ҷомеа буда, ба чунин мақсадҳо равона шудааст;
- ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, истиқлолияти давлат, манфиатҳои миллӣ ва амният;
- якпорчагии давлат, барқарор ва инкишофи сулҳ, муносибатҳои дӯстона ва некӣ бо ҳамаи давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ;
...