Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2010 № 696
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2010 № 696
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди таълими касбии калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Муқаддима
Сиёсати давлатии тарбияи кадрҳои коргар, қисми таркибии сиёсати умумидавлатии иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамчун стратегияи истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ татбиқ мегардад.
Вазъи кунунии бозори меҳнат асосан ба зиёд будани нерӯҳои корӣ ва сифати пасти захираҳои меҳнатӣ марбут мебошад. Афзоиши миёнаи солонаи захираҳои меҳнатӣ дар 10 соли охир тақрибан 4 фоизро ташкил медиҳад. Муассисаҳои таълими касбии кишвар бо сабаби маҳдуд будани имкониятҳои қабул, наметавонанд ҳамаи захираҳои меҳнатиро ба таҳсил фаро гиранд, бинобар ин ҳар сол тақрибан 90 ҳазор ҷавонони малакаи касбӣ надошта ба бозори меҳнат ворид мешаванд. Дар натиҷа, беш аз 80 фоизи бекорони бақайдгирифташуда ва 70 фоизи муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ касб надоранд ё ба такмили тахассус ниёз доранд, ки дар навбати худ рушди соҳаи шуғлро дар мамлакат боз медорад.
Ғайр аз ин як миқдори муайяни аҳолӣ хоҳиши дар хона (хонакорӣ) ба фаъолияти инфиродии меҳнатӣ, аз ҷумла бофандагӣ, кулолӣ, сартарошӣ, қаннодӣ, таъмири пойафзол ва ғайраҳо машғул шуданро доранд, ки тайёрии касбии онҳо низ вазифаи системаи таълими калонсолон мебошад.
Ислоҳоте, ки айни замон дар тамоми системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад (зиёд намудани мӯҳлати ҳатмии таҳсил барои гирифтани маълумоти миёнаи ҳатмӣ, гузариш ба маблағгузории сарикасӣ), талаботро ба таҳсилоти касбию техникӣ ва омодагии касбии кадрҳо боз ҳам бештар менамояд.
Тавре аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 бармеояд: "Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои асосии вазъи ногувор дар бозори меҳнат ва умуман дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ин ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ набудани сифати захираҳои меҳнатӣ мебошад". Аз ин бармеояд, ки раванди таъмини самарабахши шуғл яке аз омилҳои асосии танзими бозори меҳнат ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ буда, бевосита бо сатҳи омодагии касбии захираҳои меҳнатӣ вобастагӣ дорад. Илова бар ин, дар шароити кунунӣ вақте ки хавфи афзоиши мухоҷирати хориҷии бебозгашти қувваҳои корӣ аз кишвар ба миён меояд, масъалаи мутобиқати касбӣ, ҳуқуқӣ ва забонии муҳоҷирони меҳнатӣ афзалият пайдо мекунад. Маълум аст, ки муҳоҷирати меҳнатии хориҷии муташаккил, то андозае ҳифзи иҷтимоии оилаҳои ин гурӯҳи қувваҳои кориро таъмин намуда, ба пастшавии сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мусоидат менамояд.
Таҷрибаи аксари кишварҳо нишон медиҳад, ки системаи самараноки таълими калонсолон, аз ҷумла таълими касбӣ ва бозомӯзии калонсолон унсури муҳими рушди иқтисодӣ, устувории иҷтимоӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Дар марҳилаи кунунии рушди ҷомеаи мо, дар шароити рақобати шадид дар бозори меҳнат, афзоиши бекорӣ, коҳиши сатҳи иҷтимоӣ ва маҳдуд будани имкониятҳои иқтисодии қисми асосии аҳолӣ, системаи таълими касбии калонсолон ба яке аз омилҳои муҳими мусоидаткунандаи раванди паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ табдил меёбад. Маҳз нишондиҳандаи сатҳи таълими касбӣ, ки дар бозори меҳнат бештар талабот дорад, ба қисми асосии аҳолӣ дастрас буда, барои ашхоси бори аввал ба бозори меҳнат воридшаванда ва шахсони бекоре, ки сатҳи тахассуси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ надоранд, ҳамчун манбаи асосии даромад маҳсуб меёбад.
Вале системаи амалкунандаи таълими касбии калонсолон дар ҳолати кунунӣ, бинобар рушд, муносибат ва сифати номукаммал, ҳамчун василаи воқеии паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ба талабот ҷавобгӯ нест.
...