Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 октябри соли 2010 № 572
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 октябри соли 2010 № 572
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015
1. Муқаррароти умумӣ
1) Иҷрои Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 (минбаъд - Барнома) самтҳои афзалиятноки татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи кино муқаррар ва амалӣ намуда, барои баланд бардоштани сифати истеҳсол ва намоиши филмҳо шароит фароҳам меоварад.
2) Барнома дар Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино" ва Киностудияи давлатии "Тоҷикфилм" низоми идоракунӣ ва сиёсати кадриро ба танзим дароварда, мазмуну моҳияти истеҳсоли филмҳои гуногунжанри миллӣ ва намоиши киноро ғанӣ мегардонад, барои офаридани филмҳои миллии баландғоя ва дар бозори кинематографӣ рақобатпазир шароити мусоид фароҳам меоварад.
3) Барнома дар асоси муқаррароти моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кино", талаботи сархати сеюми банди 22 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2010, №33 "Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 ва вазифаҳо барои соли 2010" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2005 №362 "Дар бораи Барномаи рушди кино барои солҳои 2006-2010" таҳия шудааст.
4) Барномаи рушди кино барои солҳои 2006-2010, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2005, №362 тасдиқ гардида буд, соли ҷорӣ ба охир мерасад. Барномаи мазкур ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии рушди кино, рушди инфраструктураи он, инкишофу мукаммалсозии сохтор ва кори эҷодӣ, навсозии заминаи моддию техникӣ, офаридани видеофилмҳои баландғоя, офаридани филмҳо дар навори кино, такмили ихтисос барои истеҳсоли филмҳо, таълим ва тарбияи кадрҳо дар дохили мамлакат ва хориҷи он равона шуда буд.
5) Бо мақсади иҷрои сархати якуми банди 3 қарори мазкур қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006, №139 "Оид ба нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва индексатсиякунонии филмҳо" ва аз 30 ноябри соли 2007, №598 "Дар бораи додани розигӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои "Тоҷиккинои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси корхонаҳои фаръии давлатӣ" қабул ва амалӣ шуда истодаанд.
6) Дар ин давра дар Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино" 60 корхонаи фаръии кино ва видеои "Тоҷиккино" таъсис ёфта, 2 шӯъбаи филмнигоҳдорӣ ва филмпаҳнкунӣ барқарор карда шудааст, ки айни замон фаъолият мекунанд.
7) Бо вуҷуди ин, бандҳои 1, 2, 4 ва 5 тадбирҳо оид ба барқарор намудану рушди Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино" то имрӯз иҷро нашудаанд. Яъне, аз 2,25 миллион сомонии пешбининамудаи буҷети давлатӣ танҳо 937875 сомонӣ истифода гардидааст.
8) Дар Киностудияи давлатии "Тоҷикфилм" 13 филми пурраметражи бадеӣ, 21 филми мустанад истеҳсол ва 29 филми пурраметраж ва кӯтоҳметраж ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шуданд. Рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳамчун таърихномаи синамоӣ дар 12 ҳазор метр навори кино (Кодак) наворбардорӣ шуданд.
...