Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016 аз 2 сентябри соли 2010, № 418

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 сентябри соли 2010

№ 418 тасдиқ карда шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 сентябри соли 2010

№ 418 тасдиқ карда шудааст

Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016

Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016 (минбаъд - Барнома) бо мақсади зиёд намудани оилаҳои занбӯри асал ва истеҳсоли асал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, беҳтар намудани зоти занбӯри асал, таъмини талаботи занбӯрпарварон новобаста аз шакли хоҷагидорӣ бо муми варақӣ ва асбобу анҷоми занбӯрпарварон таҳия гардидааст.

Соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои камхарҷ ва сердаромад ба ҳисоб меравад. Зеро 93 фоизи масоҳати ҷумҳуриро кӯҳҳо ташкил дода, захираҳои мавҷудаи растаниҳои шахддиҳандаи ҷумҳурӣ имконият медиҳанд, ки миқдори оилаҳои занбӯр ва истеҳсоли асал сол то сол зиёд карда шавад. Аз ин лиҳоз, Барномаи таҳиягардида барои ноил шудан ба ин мақсадҳо мусоидат хоҳад кард.

Парвариши занбӯри асал барои зиёд шудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ низ таъсири мусбӣ мерасонад. Таҷрибаҳои илмию истеҳсолӣ нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи бо занбӯри асал Гардолуд шудан ҳосили пахта, боғот, офтобпараст ва дигар растаниҳои эйтомофилӣ аз 30 то 50 фоиз меафзояд.

Рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат низ мавқеи намоён дорад. Зеро ба фурӯш баровардани маҳсулоти занбӯри асал (асал, мум, муми варақӣ, гарди гул, шири модарзанбӯр, заҳри занбӯр ва ғайра) дар дохил ва хориҷи кишвар боиси даромади зиёд, ворид гардидани асъори хориҷӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми ҷумҳурӣ мегардад.

1. Вазъи соҳаи занбурпарварӣ дар марҳилаи ҳозира ва рушди минбаъдаи он

Айни замон тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ зиёда аз 140 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад.

Дар натиҷаи амалишавии Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ барои солҳои 2006-2010, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2005 №338 тасдиқ гардида буд, то ин давра шумораи оилаҳои занбӯри асал аз 49 ҳазор ба 140 ҳазор (2,8 маротиба) ва истеҳсоли асал аз 1200 тонна ба 2700 тонна (2,2 маротиба) расонида шудааст.

Гарчанде миқдори оилаҳои занбӯри асал тайи ин солҳо зиёд гардида бошад, ҳам то ҳол нишондиҳандаҳои маҳсулнокӣ аз ҳар оилаи занбӯр назаррас нест. Аз ин рӯ, оид ба беҳтар намудани сифати зот бояд корҳои селексионӣ ва хушзоткунӣ ба анҷом расонида шаванд.

2. Зарурати қабули Барнома

...

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 сентября 2010 года №418

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 сентября 2010 года №418

Программа развития пчеловодства в Республике Таджикистан на 2011-2016 годы

Программа развития пчеловодства в Республике Таджикистан на 2011-2016 годы (в дальнейшем Программа) направлена на увеличение пчелиных семей и производства мёда во всех категориях хозяйств, улучшение породы пчёл, обеспечение потребностей пчеловодов, независимо от форм хозяйствования, воском, прополисом и оборудованием для пчеловодов.

Пчеловодство в Республике Таджикистан считается одной из экономичных и доходных отраслей. Так как 93 % территории республики составляют горы и существующие запасы медоносных растений республики позволяют увеличить численность пчелиных семей и производство мёда из года в год. С этой точки зрения подготовленная Программа должна способствовать достижению поставленных целей.

Разведение пчёл положительно воздействует на увеличение урожайности сельскохозяйственных культур. Научно-производственными опытами установлено, что в результате опыления пчёлами урожайность хлопка, садов, подсолнечника и других энтомофильных растений повышается от 30 до 50 процентов.

Дальнейшее развитие пчеловодства также занимает видное место в обеспечении продовольственной безопасности страны. Потому что реализация продукции пчеловодства (мёд, воск, прополис, цветочная пыльца, пчелиное молоко, пчелиный яд и др.) приносит ощутимый доход за счёт продажи их внутри страны и за её пределами, способствует притоку иностранной валюты и улучшению уровня жизни населения республики.

1. Состояние отрасли пчеловодства в настоящий период и дальнейшее её развитие

В настоящее время в соответствии с данными Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан во всех категориях хозяйств республики разводятся более 140 тысяч пчелиных семей.

В результате реализации Программы восстановления и дальнейшего развития отрасли пчеловодства на 2006-2010 годы, утверждённой постановлением Правительства Республики Таджикистан от 01 сентября 2005 года № 338, к настоящему времени количество пчелиных семей увеличилось от 49 тысяч до 140 тысяч (в 2,8 раз) и производство мёда от 1200 тонн до 2700 тонн (в 2,2 раза).

Несмотря на то, что в течении этих лет количество пчелиных семей выросло, показатели продуктивности от каждой пчелиной семьи незначительны. Поэтому для улучшения качества породы пчёл должны осуществляться селекционно - племенные работы.

2.Необходимость принятия Программы

...