Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 аз 3 майи соли 2010 № 209

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Боқарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" майи соли 2010

№ 209 тасдиқ шудааст

Боқарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" майи соли 2010

№ 209 тасдиқ шудааст

Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030

Муқаддима

Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 (минбаъд-Барнома), ҷиҳати мониторинги доимӣ ва омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Дар Тоҷикистон беш аз 8 ҳазор пирях мавҷуд аст, ки қариб 8 фоизи тамоми масоҳати мамлакатро ташкил медиҳанд. Дар пиряхҳо қариб 550 км. мукааб оби ширин ҷамъ шудааст, ки қариб нисфи оби ҷории дарёҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон маркази калони яхбандии муосир дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад ва пиряхҳое, ки дар қаламрави он қарор доранд, на танҳо анборҳои об, балки танзимкунандаи шоридани оби дарёҳо ва иқлим мебошанд. Пиряхҳо ва барфҳои доимии Тоҷикистон сарчашмаи асосии таъмини оби дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал мебошанд. Ҳар сол обшавии захираҳои барфию яхӣ якчанд километр мукааб оби софу ширин медиҳад.

Дар ноҳияҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ минтақаҳои калонтарини яхбандии муосир воқеанд. Пиряхҳо пас аз барфҳои мавсимӣ, ҷиҳати таъмини дарёҳо бо об, сарчашмаи дуюм маҳсуб меёбанд. Дар мавсими тобистон бошад, аз моҳи июл то моҳи сентябр, ҳангоми ҳосилбардорӣ, пиряхҳо сарчашмаи ягонаи таъмини дарёҳо бо об мебошанд. Онҳо захиракунандаи табиии оби ширин буда, аҳамияти онҳоро дар минтақа арзёбӣ намудан ғайриимкон аст. Вале таҳқиқоти умумии яхбандии минтақа охирин маротиба то соли 1990 гузаронида шуда буд.

Дар айни замон, бо сабаби гармшавии глобалӣ, таназзули пиряхҳо ба амал омада, онҳо назар ба он ки ташаккул ёбанд, бештар об мешаванд. Ҳоло об шудани барф дар баландкӯҳҳо на дар аввали моҳи апрел, чӣ тавре ки дар гузаштаи на он қадар дур буд, балки дар нимаи моҳи март оғоз мешавад. Бештар камобӣ ва хушксолӣ ба назар мерасад. Масоҳати пиряхҳо дар канорҳои системаҳои кӯҳӣ то 0,8 -1,0 фоиз дар як сол кам мегардад.

Дигар ҷанбаи муҳими тағйирёбии глобалии иқлим, ин таъсири он ба захираҳои оби ширини ҷаҳон мебошад. Маълум аст, ки об - захираи ивазнашаванда, дорои аҳамияти асосӣ ҷиҳати рушди устувор, нигоҳдории ҳаёт дар сайёра, таъмини саломатӣ ва некӯаҳволии аҳолии ҷаҳон мебошад. Ҳоло дар шароити тағйирёбии иқлим дар хушкӣ, махсусан дар ноҳияҳои хушку камбориши сайёра, масъалаи обтаъминкунии аҳолӣ ва рушди бахшҳои иқтисодиёт, ки ба захираҳои оби ширин вобаста аст, бисёр шадид меистад. Ташвишовар он аст, ки захираҳои оби ширин кам шуда, сифати он паст мегардад.

Дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Копенгаген, бо мақсади таъмини амнияти об дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби Тоҷикистон гузаронидани ташхиси умумии таъсири системаи истифодабарии об ба вазъи экологӣ дар минтақа пешниҳод гардид. Инчунин арз карда шуд, ки дар шароити таркиши демографӣ ва бе назорат ба кор андохтани заминҳои нав, инчунин хароҷоти ифроткорона ва бетартибонаи об, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои дахлдори он муроҷиат менамояд, ки ташхиси умумии таъсири системаи мутлақо фарсуда ва бесамари истифодабарии оби минтақа, инчунин шумораи зиёди обанборҳои поёнобро ба вазъи экологӣ гузаронад.

Дар конфронси сеюми иқлимӣ дар шаҳри Женева, Тоҷикистон бо ташаббуси таъсиси Фонди байналмилалии нигахдории пиряхҳо баромад намуд.

...

Утверждена

 постановление Правительства

 Республики Таджикистан

 от "3" мая 2010 г. № 209

Утверждена

 постановление Правительства

 Республики Таджикистан

 от "3" мая 2010 г. № 209

Государственная программа изучения и сохранения ледников Республики Таджикистан на 2010-2030 годы

Введение

Государственная Программа изучения и сохранения ледников Республики Таджикистан на 2010-2030 годы (далее - Программа) разработана для постоянного мониторинга и изучения ледников Таджикистана.

В Таджикистане насчитывается более 8 тысяч ледников, которые занимают около 8% всей площади страны. В ледниках сосредоточенны около 550 куб. км пресной воды и они дают почти половину стока рек Таджикистана.

Таджикистан является крупным центром современного оледенения в Центральной Азии и ледники, находящиеся на его территории являются не только хранилищами воды, но и регуляторами речного стока и климата. Ледники и вечные снега Таджикистана являются главным источником питания рек бассейна Аральского моря. Ежегодно таяние снежно-ледовых запасов дает несколько кубических километров пресной чистой воды.

В горных районах Центральной Азии расположены крупнейшие области современного оледенения. Ледники являются вторым после сезонного снега источником питания рек, а в летний сезон, с июля по сентябрь, когда поспевает урожай, ледники являются единственным источником питания рек. Они представляют собой естественные аккумуляторы чистейшей пресной воды, важность которой для региона переоценить невозможно. Однако последний раз комплексные исследования оледенения региона проводились до 1990 года.

В настоящее время, в связи с глобальным потеплением происходит деградация ледников, они тают больше, чем образуются. Снег в высокогорьях начинает таять уже не в начале апреля, как было не в далеком прошлом, а в середине марта. Все чаще наблюдаются маловодные, засушливые годы. Площадь ледников на окраинах горных систем уменьшается на 0,8 -1,0% в год.

Другим важным аспектом глобального изменения климата является его влияние на запасы пресной воды планеты. Известно, что вода -незаменимый ресурс, имеющий фундаментальное значение для устойчивого развития, сохранения жизни на планете, обеспечения здоровья и благосостояния населения мира. Сегодня на фоне изменения климата на суше, особенно в засушливых районах планеты, все острее встает вопрос обеспечения населения водой и развития секторов экономики, зависящих от ресурсов пресной воды. Весьма тревожным является то, что сокращаются запасы пресной воды и ухудшается ее качество.

На Конференции по изменению климата в городе Копенгагене в целях обеспечения водной безопасности в Центральной Азии, Таджикистаном предложено провести комплексную экспертизу влияния системы водопользования на экологическую обстановку региона. Было также заявлено, что в условиях демографического взрыва и бесконтрольного освоения все новых земель, а также расточительного, бесхозяйственного расхода воды, Республика Таджикистан обращается к Организации Объединенных Наций и ее соответствующим структурам провести комплексную экспертизу влияния абсолютно устаревшей, неэффективной системы водопользования региона, а также огромного количества водохранилищ низовья на экологическую обстановку.

На третьей климатической конференции в городе Женеве, Таджикистан выступил с инициативой о создании Международного фонда сохранения ледников.

...