Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 марти соли 2010
№ 165 тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 марти соли 2010
№ 165 тасдиқ шудааст
Барномаи миллии пешгирии бемориҳои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015
Муқаддима
Дигаргуниҳои куллии муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, пайдо шудани корхонаҳои сершумор бо шаклҳои нави моликият, кам шудани эътибор ба масъалаҳои муҳофизати меҳнат, махсусан барои шахсоне, ки дар шароитҳои зараровар кор мекунанд, ба ҳолати саломатии онҳо таъсири манфӣ расонида, ногузир боиси инкишофи бемориҳои касбӣ ва аз ҷиҳати касбӣ асоснокшуда мегарданд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз ҳазор корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо миқдори зиёди коргарон дар робитаи бевосита бо шароитҳои зарарноки меҳнат кор мекунанд. Комилан тасдиқ кардан ҷоиз нест, ки солҳои охир шароити меҳнат ба таври назаррас беҳтар шудааст, балки баръакс. Вобаста ба ҳамин, ҳалли масоили бемориҳои касбӣ ба рӯйхати вазифаҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ворид карда шудааст. Сессияи шастуми Ассамблеяи Умумиҷаҳонии Тандурустӣ 23 майи соли 2007 резолютсия қабул намуда, Нақшаи глобалии амалиёти муҳофизати саломатии кормандонро барои солҳои 2008-2017 маъқул донист ва махсус таъкид намуд, ки саломатии кормандон шарти аввалиндараҷаю зарурии баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва рушди иқтисодиёт мебошад. Кормандон нисфи шумораи умумии аҳолии тамоми ҷаҳонро ташкил мекунанд ва дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ саҳми асосиро мегузоранд. Саломатии онҳо нафақат бо омилҳои хатари дар ҷои корӣ мавҷудбуда, балки бо омилҳои иҷтимоию фардӣ, ҳамчунин дастрас будани хизматрасонии тиббию санитарӣ муайян карда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дар ҳамаи мамлакатҳои дигар тамоюли инкишофи бемориҳои касбӣ ва аз ҷиҳати касбӣ асоснокшуда мушоҳида карда мешавад. Дурнамои рушди саноати истихроҷ ва коркарди маъдан, инкишофи минбаъдаи истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ, ворид намудани технологияҳои нав ба саломатии кормандони дар робита бо шароитҳои зараровари меҳнат машғулбуда ҳатман таъсир расонида, боиси инкишофи бемориҳои касбӣ ва аз ҷиҳати касбӣ асоснокшуда мешаванд. Бенизомии заминаи ҳуқуқии системаи муҳофизати меҳнати кормандоне, ки дар робита бо омилҳои зараровари истеҳсолот кор мекунанд, набудани ҳамкории байнисохтории мувофиқакардашуда таҳия ва татбиқи барномаи асосноки пешгирии бемориҳои касбиро афзалиятнок ва саривақтӣ мегардонанд.
2. Заминаҳо
1) Маълумоти умумӣ дар бораи мамлакат
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои Осиёи Миёна буда, ҳудудҳои он 700 км аз ғарб ба шарқ ва 350 км аз шимол ба ҷануб тӯл кашидааст. Бештар аз 93 фоизи қаламрави мамалакат кӯҳсор буда, аҳолии ҷумҳурӣ 7,2 млн. нафарро ташкил медиҳад. Зиёдшавии аҳолии мамлакат ҳамасола ба 2 фоиз мерасад. Беш аз 70 фоизи аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ намуда, 26,5 фоизро аҳолии шаҳрнишин ташкил медиҳад.
2) Вазъи демографӣ
Хусусиятҳои вазъи демографӣ дар ҷумҳурӣ ба тағйироти куллии сиёсӣ ва иҷтимою иқтисодии баъди ҷанги шаҳрвандӣ бамиёномада, бад шудани шароити зиндагии мардум, ташаккули муносибатҳои бозаргонӣ, қисман вайрон шудани сохтори синну солӣ ва ҷинсии аҳолӣ, суст шудани ҳифзи иҷтимоии оилаҳои серфарзанд, тағйир ёфтани сохтори миллии аҳолӣ ва кам шудани ҳиссаи он қисме, ки ба камфарзандӣ моил буд, алоқаманд аст. Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ то 1 январи соли 2008 7215,7 ҳазор нафарро ташкил медод, ки аз ин 3619,6 ҳазор нафар мардон ва 3447,9 ҳазор нафар занон буданд. Шахсони қобили меҳнат дар ин давра 4210.0 ҳазор нафарро ташкил медод.
Вазъи умумии демографӣ ба дараҷаи баланди таваллуд (28,0 ба 1000 нафари аҳолӣ) ва фавти нисбатан ками аҳолӣ (4,7 ба 1000 нафари аҳолӣ), бисёр фавтидани кӯдакон (14,2 ба 1000 нафари аҳолӣ) ва марги зиёди модарон (28 ба 100000 нафари зиндатаваллудкардагон), дараҷаи пасти шаҳришавӣ ва шумораи зиёди муҳоҷирати меҳнатӣ асос ёфтааст.
...