Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 октябри соли 2009 № 586
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 октябри соли 2009 № 586
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014
Муқаддима
Пахтакорӣ дар ҷумҳурӣ чун соҳаи асосии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Маҳсулоти асосии пахта - нах маводи пурқимати содиротӣ буда, ба иқтисодиёти кишвар даромади калон ворид менамояд. Пунбадонаи пахта бошад, на танҳо ҳамчун тухмӣ, балки манбаи асосии равғани ғизоӣ ба шумор меравад. Кунҷолаи пахта дар чорводорӣ манбаи пурарзиши хӯроки чорво ба ҳисоб рафта, линти он дар саноат барои истеҳсоли пластмасса, ленолиум ва лок ҳамчун масолеҳ ба кор бурда мешавад. Ниҳоят, растании пахта дар занбӯриасалпарварӣ ба сифати манбаи шаҳд арзиши беҳамто дошта, ғӯзапояи он бошад, тайи солҳои охир масолеҳи асосии сузишвории мардуми деҳот ба ҳисоб меравад.
Бо зиёд гардидани аҳолӣ дар ҷаҳон ва афзоиш ёфтани талабот ба нахи табиӣ зарурияти ба роҳ мондани истеҳсоли пахта ва қабули "Барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014" ба амал меояд.
Бо сабабҳои пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пахтакорони кишвар бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гаштанд. Вайрон гаштани пойгоҳҳои моддиву техникӣ ва ниҳоят тадбирҳои агротехникӣ соҳаи пахтакориро ба қафо партофт. Агар соли 1991 дар ҷумҳурӣ 825 ҳазор тонна пахта истеҳсол шуда бошад, пас ин нишондод соли 2008 ҳамагӣ 353 ҳазор тоннаро ташкил дод. Майдони кишти пахта бошад, дар ин давра аз 350 ҳазор гектар ба 237 ҳазор гектар расид. Ҳамчунин ҳосилнокии миёнаи пахта аз 27-28 то ба 14-15 сентнер аз 1 гектар паст рафт.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи баамаломадаро ба назар гирифта, бо мақсади дастгирии рушди ояндаи соҳаи пахтакорӣ тасмим гирифтааст, то қарзи субъектҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи пахтакорӣ, ки то 1 январи соли 2008 аз ҳисоби сармоягузорон ба амал омада буданд, бо роҳи аз ҳисоб баровардан, кам кардан, ба таъхир гузоштан, таҷдиди мӯҳлати пардохти қарзҳо ва барориши қоғазҳои қимат ҳал карда шавад.
Иҷрои воқеии қарори мазкур ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 №111 "Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009" тақозо менамояд, ки аз 5 марти соли 2007 бояд тадбирҳои амалӣ андешида шаванд, то дигар ба пайдошавии қарзҳо роҳ надода, рушди мунтазами соҳа таъмин гардад. Ҳамзамон дар робита бо ин зарурияти қабули Барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2010-2014 (минбаъд Барнома) пеш омадааст.
Мусаллам аст, ки иқлими водиҳои Тоҷикистон ба парвариши пахта ва ривоҷи пахтакорӣ пурра мусоидат менамояд. Дар ин асос Барнома иқдом мегирад, ки бо истифодаи агротехникаи пешқадами хозиразамон (тухмии хушсифат ва дорои нахи хушсифат, нуриҳои минералӣ заҳрхимикатҳо ва усулҳои биологии мубориза), такмили инфрасохтори соҳа ва системаи обёриву усулҳои пешқадами мелиоративӣ обёрӣ, то соли 2014 майдони кишти пахтаро дар ҳудуди 200 ҳазор гектар нигоҳ дошта, ҳосилнокии пахтаро то 30 сентнер аз ҳар гектар расонида, эҳтиёҷоти "Барномаи коркарди пурраи пахтаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда дар давраи то соли 2015" таъмин карда мешавад.
I. Зарурати қабули Барнома
Тавре ки қайд гашт сабаби асосии коҳиш ёфтани пахтакорӣ дар маҷмӯъ ба ду омили асосӣ- гузариш ба муносибатхои нави иқтисодӣ -муносибатҳои бозорӣ ва аз даст додани пойгоҳи моддиву техникии соҳа вобастагӣ дорад.
...