Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009 № 430 "Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол ва ноҳияҳои минтақаи Рашт ба мавзеи Лахши ноҳияи Ҷиргатол"

Санаи амалкуни: 28.03.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол ва ноҳияҳои минтақаи Рашт ба мавзеи Лахши ноҳияи Ҷиргатол

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2015 № 163)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2015 № 163)

Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират" ва бо мақсади ҳалли масъалаҳои демографӣ, тақвияти муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои сераҳолӣ ва камзамин ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ ва дар заминаи он таъсис додани шаҳраку деҳаҳои нав, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва шароити моддию маишӣ ба шаҳрвандон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Кӯчонидани 500 оилаи муҳоҷирони дохилӣ аз ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол ва ноҳияҳои минтақаи Рашт ба мавзеи Лахши ноҳияи Ҷиргатол дар давоми солҳои 2010-2016 ба анҷом расонида шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2015 № 163).

2) Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани миқдори зарурии заминҳои обёришаванда, гузаронидани ташхиси муҳандисию геологӣ, инчунин таҳияи нақшаи генералӣ ва корҳои аксбардорию топографии маҳалро дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррарот ба анҷом расонанд ва назорати доимиро вобаста ба корҳои сохтмони манзили истиқоматӣ ва иншооти иҷтимоӣ, маданию равшаннамоӣ пурзӯр намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2015 № 163).

3) Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дархости Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори зарурии хаймаҳоро барои ҷойгиронии муҳоҷирони дохилӣ ҷудо намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2015 № 163).

4) Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дархости Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интиқоли муҳоҷирони дохилӣ нақлиёт ҷудо намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2015 № 163).

5) Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон корвони муҳоҷирони дохилиро бо гурӯҳи ёрии таъҷилӣ, мутахассисон ва маводи дорувории зарурӣ таъмин намуда, интиқоли бехатари корвони мазкурро аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба ноҳияи Ҷиргатол ташкил диҳанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2015 № 163).

6) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол ва дигар вазорату идораҳои дахлдор корҳои оид ба сохтмон ва таъмири муассисаҳои таҳсилоти умумиро барои фарзандони муҳоҷирони дохилӣ аз ҳисоби маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2015 № 163).

7) Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол бо мақсади таъмин намудани муҳоҷирони дохилӣ бо оби нӯшокӣ, об барои обёрӣ ҷиҳати сохтани хатти қубури об аз ҳисоби маблағҳои барои ин мақсад ҷудошуда тадбирҳо андешанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2015 № 163).

8) Вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол корҳои оид ба сохтани хатти интиқоли барқ, алоқа ва сохтмони бунгоҳи тиббиро аз ҳисоби маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2015 № 163).

9)Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии тарафҳои интиқолдиҳанда ва қабулкунандаи муҳоҷирони дохилӣ ва вазорату идораҳои дахлдор кӯчонидани саривақтии муҳоҷирони дохилиро таъмин намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2015 № 163).

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внутренней миграции населения с территории Джиргатальского района и районов Раштской долины в Ляхшскую зону Джиргатальского района

(в редакции Постановления Правительства РТ от 28.03.2015г. № 163)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 28.03.2015г. № 163)

В соответствии со статьей 5 Закона Республики Таджикистан "О миграции" и в целях решения демографических проблем, усиления внутренней миграции трудоспособного населения из густонаселенных и малоземельных регионов в долины республики, имеющие залежные земли и создания на этой основе новых поселков и сел, организации новых рабочих мест и материально-бытовых условий гражданам, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Завершить переселение 500 семей внутренних мигрантов с территории Джиргатальского района и районов Раштской долины в Ляхшскую зону Джиргатальского района в течении 2010-2016 гг (в редакции Постановления Правительства РТ от 28.03.2015г. № 163).

2) Государственному комитету земельного управления и геодезии Республики Таджикистан, Комитету по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан , Главному управлению геологии при Правительстве Республики Таджикистан решить вопрос об отводе необходимых орошаемых земель, в установленном порядке проводить инженерно-геологические работы, а также завершить разработку генерального плана и проводить топографическую съемку местности и вести постоянный контроль за ходом работ по строительству жилья и социальных объектов за счет средств, предусмотренных в государственном бюджете Республики Таджикистан (в редакции Постановления Правительства РТ от 28.03.2015г. № 163).

3) Комитету по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан, согласно заявке Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан  выделить необходимое количество палаток для размещения внутренних мигрантов  (в редакции Постановления Правительства РТ от 28.03.2015г. № 163).

4) Министерству транспорта и коммуникаций Республики Таджикистан по заявкам Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан  выделять транспорт для перевозки внутренних мигрантов  (в редакции Постановления Правительства РТ от 28.03.2015г. № 163).

5) Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан и Министерству внутренних дел Республики Таджикистан обеспечить колонну внутренних мигрантов бригадой скорой помощи, со специалистами и необходимыми медикаментами, организовать безопасное её передвижение из районов Раштской долины в Джиргатальский район (в редакции Постановления Правительства РТ от 28.03.2015г. № 163).

6) Министерству образования и науки  Республики Таджикистан совместно с исполнительным органом государственной власти Джиргатальского района и соответствующими министерствами и ведомствами завершить работы по строительству и ремонту общеобразовательных учреждений для детей внутренних мигрантов за счет средств, предусмотренных в государственном бюджете Республики Таджикистан (в редакции Постановления Правительства РТ от 28.03.2015г. № 163).

7) Агентству мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан, совместно с исполнительным органом государственной власти Джиргатальского района в целях обеспечения внутренних мигрантов питьевой и оросительной водой принять меры по установке водопроводной линии за счет средств, предусмотренных для этих целей (в редакции Постановления Правительства РТ от 28.03.2015г. № 163).

8) Министерствам энергетики и водных ресурсов, здравоохранения и социальной защиты населения и транспорта Республики Таджикистан совместно с исполнительным органом государственной власти Джиргатальского района завершить работы, по установке линии электропередач, связи и строительства медпунктов за счет средств, предусмотренных в государственном бюджете Республики Таджикистан (в редакции Постановления Правительства РТ от 28.03.2015г. № 163).

9) Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан  совместно с исполнительными органами государственной власти, отправляющими и принимающими внутренних мигрантов сторон и соответствующими министерствами и ведомствами обеспечить своевременное переселение внутренних мигрантов  (в редакции Постановления Правительства РТ от 28.03.2015г. № 163).

...