Барномаи беҳбудии фазои соҳибкорӣ - 200 рӯзи ислоҳот аз 2 июли соли 2009 № 386

Санаи амалкуни: 27.02.2010

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 июли соли 2009 № 386

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 июли соли 2009 № 386

тасдиқ шудааст

Барномаи беҳбудии фазои соҳибкорӣ - 200 рӯзи ислоҳот

(қарор аз 27.02.2010 № 103)

(қарор аз 27.02.2010 № 103)

Барномаи беҳбудии фазои соҳибкорӣ - 200 рӯзи ислоҳот (минбаъд Барнома) - барномаи чораҳои кӯтоҳмӯҳлат аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди ислоҳоти маъмурӣ-танзимии ба рушди соҳибкорӣ равона гардида, амалӣ карда мешавад. Барнома ба афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 асос ёфтааст ва ба амалӣ намудани вазифаҳои Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007 - 2009 оид ба кам кардани монеаҳои маъмурӣ барои соҳибкорон ҳангоми оғози фаъолият ва паст кардани хароҷот ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ равона карда шудааст. Барнома аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи соҳибкорон, ташкилотҳои байналмилалӣ, ки лоиҳа ва барномаҳоро дар соҳаи рушди бахши хусусӣ ва беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ дар мамлакат амалӣ менамоянд, таҳия гаштааст.

1. Мӯҳтавои мушкилот ва зарурияти ҳалли он

1) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра ислоҳотро оид ба беҳтарсозии шароити пешбурди соҳибкорӣ амалӣ намуд, ки онҳо фаъолнокии соҳибкориро дар мамлакат бо таври назаррас баланд намуданд.

2) Ислоҳоти системаи бақайдгирӣ, иҷозатномадиҳӣ ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ боиси сарфаи умумии вақт ва хароҷот барои оғози фаъолият шуда, механизми батанзимдарории давлатии фаъолияти соҳибкориро беҳтар намуданд. Тағйироти ба қонунгузорӣ воридшуда дар қисми кам кардани талабот нисбати андозаи ҳадди ақали сармояи оинномавӣ нишондиҳандаи хуби соддагардии расмиёти бақайдгирии тиҷорат гардиданд. Маҷмӯи тадбирҳо оид ба беҳтар намудани дастрасии маблағгузории хориҷӣ барои субъектҳои соҳибкорӣ андешида шуданд.

3) Бо дарназардошти он, ки соҳибкорон дар мавриди бақайдгирии фаъолияти расмии соҳибкорӣ то ҳол ба расмиёти душвори бақайдгирӣ дар сохторҳои гуногуни давлатӣ рӯ ба рӯ мешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, ки ислоҳотро идома дода, проблемаҳои ҷойдоштаро ҳал намояд ва расмиёти муқарраргардидаро ба куллӣ сода кунад.

4) Расмиёти такмилнаёфтаи иҷозатномадиҳӣ барои соҳибкор мушкилиҳои махсусро пеш меорад.

...

Приложение

Утверждена

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 2 июля 2009 года № 386

Приложение

Утверждена

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 2 июля 2009 года № 386

Программа улучшения предпринимательской среды - 200 дней реформ

 (в редакции Постановления Правительства РТ от 27.02.2010г.№103)

 (в редакции Постановления Правительства РТ от 27.02.2010г.№103)

Программа улучшения предпринимательской среды - 200 дней реформ (далее Программа) - это программа краткосрочных мер, реализуемых Правительством Республики Таджикистан в целях продвижения административно-регулятивных реформ, направленных на развитие предпринимательства. Программа основывается на приоритетах Национальной стратегии развития Республики Таджикистан на период до 2015 года и направлена на реализацию задач Стратегии снижения бедности на период 2007-2009 годов по сокращению административных барьеров для предпринимателей при открытии бизнеса и снижению затрат при осуществлении предпринимательской и инвестиционной деятельности. Программа разработана Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан при непосредственном участии предпринимателей, международных организаций реализующих проекты и программы в сфере развития частного сектора и улучшения инвестиционного климата в стране.

1. Содержание проблемы и необходимость ее решения

1) Правительство Республики Таджикистан провело ряд реформ по улучшению условий осуществления предпринимательства, которые заметно повысили предпринимательскую активность в стране.

2) Реформы систем регистрации, лицензирования и проверок деятельности хозяйствующих субъектов обусловили общее сокращение времени и расходов на начало деятельности, улучшили механизмы государственного регулирования предпринимательской деятельности. Внесенные в законодательство изменения в части сокращения требований к размеру минимального уставного капитала явились хорошим индикатором упрощения процедуры регистрации бизнеса. Был принят комплекс мер по улучшению доступности иностранного финансирования для субъектов предпринимательства.

3) В связи с тем, что предприниматели при регистрации официальной предпринимательской деятельности все еще сталкиваются с трудными процедурами регистрации в различных государственных структурах, Правительство Республики Таджикистан намерено продолжить реформы, решить имеющиеся проблемы и существенно упростить установленные процедуры.

4) Особую проблему для предпринимателей представляют несовершенные лицензионные процедуры.

...