Барномаи рушди кори бойгонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2018 аз 2 июли соли 2009, № 373

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 июли соли 2009 № 373

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 июли соли 2009 № 373

тасдиқ шудааст

Барномаи рушди кори бойгонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2018

Бо дарназардошти зарурати ҳар чӣ зудтар ҳал намудани масъалаҳои муҳими ҳалталаб оид ба рушди минбаъда ва такмил додани кори бойгонӣ, баланд бардоштани нақши ҷамъиятию сиёсии бойгониҳои давлатӣ дар марҳилаи ҳозираи тараққиёти давлати соҳибистиқлоли тоҷик вазифаи аввалиндараҷаи таъхирнопазири тамоми муассисаҳои Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани корҳои амалии зерин ҳисобида шаванд.

Мақсадҳои асосии Барнома иборатанд аз:

- ҳамчун яке аз унсурҳо ва нишонаҳои муҳимтарини давлатдории тоҷик ва қисми таркибии осори таърихию фарҳангӣ, иттилоотӣ ва зеҳнии халқи тоҷик нигоҳ доштан ва ғанӣ гардонидани Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- такмили заминаҳои қонунгузорию меъёрӣ, андешидани маҷмӯи чорабиниҳои ташкилии пешгирикунандаи хатари амнияти иттилоотии Тоҷикистон дар соҳаи бойгонӣ;

- таъмини шахсият, ҷамъият ва давлат бо маълумоти бойгонӣ, ки барои кор ва фаъолияти ҳаётии муваффақонаи онҳо, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки аз ҷониби давлат таҳия ва қабул гардидаанд, гирифтан, истифода бурдан ва паҳн намудани маълумоти бойгонии дар онҳо мавҷудбуда зарур мебошанд;

- амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳое, ки бе иҷозат дастрас намудан ва истифода бурдани иттилооти бойгонии дорои сирри давлатӣ, шахсӣ ва ҳаёти оилавӣ, сирри тиҷоратӣ ва дигар сирри аз тарафи давлат ҳифзшавандаро истисно менамоянд.

Вазифаҳои аввалиндараҷа иборатанд аз:

- татбиқи чорабиниҳо оид ба мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии бойгониҳо, фароҳам овардани шароитҳои меъёрии нигоҳдории ҳуҷҷатҳо дар бойгониҳои давлатӣ;

- анҷом додани маҷмӯи корҳо оид ба беҳбуди ҳолати физикии ҳуҷҷатҳо, дар навбати аввал ҳуҷҷатҳои ниҳоят арзишнок, нусхабардории эҳтиётӣ ва тармими онҳо;

...

Утверждена

Постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от " 2 " июля 2009 года №373

Утверждена

Постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от " 2 " июля 2009 года №373

Программа развития архивного дела в Республике Таджикистан на 2009-2018 годы

Учитывая острую необходимость решения-назревших актуальных вопросов по дальнейшему развитию и совершенствованию архивного дела, повышению общественно-политической роли государственных архивов на современном этапе развития независимого таджикского государства, считать неотложным первоочередным делом всех учреждений Главного архивного управления при Правительстве Республики Таджикистан ’ осуществление следующих практических действий. Основными целями Программы являются:

- сохранение и пополнение Национального архивного фонда Республики Таджикистан как одного из важнейших элементов и символов таджикской государственности и составной части историкокультурного, информационного и интеллектуального достояния таджикского народа;

- совершенствование законодательной и нормативной базы, выработка комплекса организационных мер, предупреждающих угрозы информационной безопасности Таджикистана в архивном деле;

- обеспечение личности, общества и государства архивной информацией, которая необходима для их успешного функционирования и жизнедеятельности, расширение доступа граждан к архивным документам государственного происхождения, получение, использование и распространение имеющейся в них архивной информации;

- реализация комплекса мер, исключающих несанкционированный доступ и использование архивной информации, содержащей государственную тайну, тайну личной и семейной жизни, коммерческую и иную охраняемую законом тайну.

Первоочередными задачами являются:

- осуществление мероприятий по укреплению материальнотехнической базы архивов, созданию нормативных условий хранения документов в государственных архивах;

- проведение комплекса работ по улучшению физического состояния документов, в первую очередь особо ценных, их страховому копированию и реставрации;

- совершенствование государственного учета документов Национального архивного фонда Республики Таджикистан, в том числе на основе внедрения информационных технологий и создания системы автоматизированного централизованного государственного учета архивных фондов и уникальных документов;

...