Оинномаи Муассисаи давлатии "Институти илмӣ-тадқиқотии "Диапазон" аз 2 июли соли 2009 № 397

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 июли соли 2009 № 397

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 июли соли 2009 № 397

тасдиқ шудааст

ОИННОМАИ Муассисаи давлатии "Институти илмӣ-тадқиқотии "Диапазон"

1. Муқаррароти умумӣ

1) Муассисаи давлатии "Институти илмӣ-тадқиқотии "Диапазон" (минбаъд - Институт) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, корҳои илмӣ-тадқиқотиро анҷом медиҳад.

2) Муассиси Институт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Муассис) мебошад.

3) Институт фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома амалӣ менамояд.

4) Институт аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифтан дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ буда, ҳамчун ташкилоти ғайритиҷоратӣ ба ҳисоб рафта, дорои моликият бо ҳуқуқи идораи оперативӣ, баланси мустақил, мӯҳри мудаввар бо тасвири нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номи худ ба забонҳои давлатӣ ва русӣ, гушамӯҳрҳо, варақаҳо бо номи худ, суратҳисобҳо дар бонк мебошад.

5) Номи пурраи Институт:

а) ба забони тоҷикӣ: Муассисаи давлатии "Институти илмӣ-тадқиқотии "Диапазон";

6) ба забони русӣ: Государственное учреждение "Научно-исследовательский институт "Диапазон".

б) Суроғаи ҳуқуқӣ ва маҳалли ҷойгиршавии Институт: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ф.Ниёзӣ, бинои 49.

...

Утвержден

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от "2" июля 2009 года №397

Утвержден

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от "2" июля 2009 года №397

Устав государственного учреждения "Научно-исследовательский институт "Диапазон"

1. Общее положение

1) Государственное учреждение "Научно-исследовательский институт "ДИАПАЗОН" (далее - Институт) учрежден постановлением Правительства Республики Таджикистан в соответствии с требованиям гражданского Кодекса Республики Таджикистан и осуществляет научно -исследовательские работы.

2) Учредителем Института является Правительство Республики Таджикистан (далее Учредитель).

3) Институт осуществляет свою деятельность в соответствии с Конституцией Республики Таджикистан, Гражданским кодексом Республики Таджикистан, законов Республики Таджикистан, других нормативноправовых актов Республики Таджикистан, международных правовых актов, признанных Республикой Таджикистан и настоящего Устава.

4) Институт, с момента государственной регистрации имеет статус юридического лица, являясь некоммерческой организацией, имеет имущество с правом оперативного управления, самостоятельный баланс, круглый печать с изображением государственного герба Республики Таджикистан, своим наименованием на государственном и русском языке, треугольные штампы, фирменные бланки, расчетные счеты в банках.

5) Полное наименование Института:

а) на таджикском языке "Муассисаи давлатии Института илмйтадкикртии "ДИАПАЗОН";

6) на русском языке "Государственное учреждение "Научноисследовательский институт "ДИАПАЗОН".

б) Юридический адрес и место нахождение Института: 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе, ул. Ф. Ниёзи, дом 49.

...