Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014 аз 28 майи соли 2009 № 299

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 майи соли 2009 № 299

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 майи соли 2009 № 299

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014

1. Муқаддима

Туризм ҳамчун яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёт барои суръати баланди рушди худ, феномени иқтисодии садсола эътироф гаштааст.

Дар бисёри мамлакатҳо туризм дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши арзанда бозида, ба соҳаҳои асосии иқтисодиёт ба мисли нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, хоҷагии қишлоқ, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигарҳо таъсири мусбӣ мерасонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва дорои захираҳои табиию рекреатсионие мебошад, ки барои рушди ҳам туризми дохилӣ ва ҳам қабули сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамоянд. Омилҳои зикршударо ба инобат гирифта, соҳаи туризми ҷумҳурӣ самти афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ эълон гаштааст.

Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014 (минбаъд Барнома) стратегия, самтҳои асосӣ, афзалиятҳо, вазифаҳо ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи туризм дар давраи миёнамӯҳлат муайян менамояд.

Дар доираи Барнома аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми туризми воридотӣ ва дохилӣ амалигардонии тадбирҳо баҳри ташаккули саноати рақобатпазири туристӣ пешбинӣ шудааст.

Вазифаҳои аввалиндараҷаи Барнома:

- таъсиси механизми самараноки танзими давлатӣ ва дастгирии туризм;

...

Приложение 1

 Утверждена

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 28 мая 2009 г.№299

Приложение 1

 Утверждена

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 28 мая 2009 г.№299

Государственная программа развития туризма в Республике Таджикистан на период 2010-2014 годов

1. Введение

Туризм, как один из высокодоходных отраслей экономики, за быстрые темпы своего развития признан экономическим феноменом столетия.

Во многих странах туризм играет значительную роль в формировании валового внутреннего продукта, активизации внешнеторгового баланса, обеспечении занятости населения и создании дополнительных рабочих мест, оказывает положительное влияние на такие ключевые отрасли экономики как транспорт и связь, строительство, сельское хозяйство, культура, искусство, производство товаров народного потребления и другие.

Республика Таджикистан располагает богатым историческим и культурным наследием и природно-рекреационными ресурсами способствующими как развитию внутреннего туризма, так и приему иностранных граждан. Принимая во внимание вышеуказанные факторы, сфера туризма республики объявлена приоритетным направлением национальной экономики.

Государственная программа развития туризма в Республике Таджикистан на период 2010-2014 годов (далее Программа) определяет стратегию, основные направления, приоритеты, задачи и механизм реализации государственной политики в области развития туризма на среднесрочный период.

В рамках Программы предусматривается принятие мер по формированию конкурентоспособной туристической индустрии, за счет увеличения объемов въездного и внутреннего туризма.

Первоочередными задачами Программы являются:

- создание эффективного механизма государственного регулирования и поддержки туризма;

...