Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 № 255 "Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009-2015"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009-2015

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи замимагардидаи рушди соҳаи заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009-2015 тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мураттаб сохтани дурнамои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 барои корҳои иктишофи геологӣ, ки барои ба амалӣ намудани Барномаи мазкур заруранд, ҷудо кардани маблағҳоро пешбинӣ намоянд.

3. Ба ҳамаи бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия карда шавад, ки дар иҷрои Барномаи рушди соҳаи заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009-2015 бо ҷалби сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ ва инчунин маблағҳои худӣ ҳиссагузорӣ намоянд.

4. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти иҷрои Барномаи мазкур ҳар сол на дертар аз 1 январ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 апрели соли 2009 № 255

ш. Душанбе

аз 29 апрели соли 2009 № 255

ш. Душанбе

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Программы развития ювелирной отрасли, переработки драгоценных и поделочных камней на 2009-2015 годы

В соответствии со статей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных перспективах, концепциях и программ социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить прилагаемую Программу развития ювелирной отрасли, переработки драгоценных и поделочных камней на 2009-2015 годы.

2. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан и Министерству энергетики и промышленности Республики Таджикистан при формировании прогноза социально-экономического развития Республики Таджикистан до 2015 года предусмотреть выделения финансовых средств для геологоразведочных работ, необходимых для реализации данной Программы.

3. Рекомендовать всем банкам Республики Таджикистан принять долевое участие в выполнении Программы развития ювелирной отрасли, переработки драгоценных и поделочных камней на 2009-2015 годы, путем привлечения внутренних и внешних инвесторов, а также собственных средств.

4. Министерству энергетики и промышленности Республики Таджикистан ежегодно не позднее 1 января представить в Правительства Республики Таджикистан информацию о ходе выполнения указанной Программы.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

от 29 апреля 2009 года №255

 г. Душанбе

от 29 апреля 2009 года №255

 г. Душанбе

Утверждена 

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 29 апреля 2009 года №255

...