Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурии тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 аз 29 апрели соли 2009 № 253

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 апрели соли 2009

№ 253 тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 апрели соли 2009

№ 253 тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019

I. Қоидаҳои умумӣ

1. Гузариш ба муносибатҳои иқтисодии бозаргонӣ, ташаккулёбии арзишҳои демократӣ, ташкил намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, гузаронидани ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ ва тарғиб намудани ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд талаб менамоянд, ки дар бобати беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҳои мушаххас андешида шуда, барномаи ягонаи умумидавлатии таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шавад.

Сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона равона карда шудааст, ки ин аз моҳияти моддаи 1 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд. Аз ин рӯ, дар шароити дигаргунсозиҳои демократӣ нақша ва мавқеи ҳуқуқ дар танзими ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва давлатию ҷамъиятӣ устувор мегардад, ки ҳамаи ин тавассути таҳия ва қабули қонунҳо ба амал бароварда мешавад.

2. Вобаста ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлат ва рушду нумӯи онро дарк намуда, озодӣ ва хуқуқи шахсро муқаддас шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеша кардааст.

Бо эътирофи он, ки таъмин ва иҷрои қонунҳои амалкунанда бе таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ғайриимкон аст, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 (минбаъд Барнома) дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 № 691 "Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2008 № 233 "Дар бораи Нақшаи чорабиниҳое, ки дар Пайёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 баён гардидаанд" қабул карда мешавад.

II. Асосҳои ҳуқуқӣ ва молиявии Барнома

3. Асоси ҳуқуқии Барномаро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шудаанд, қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ташкил менамоянд.

4. Асоси молиявии Барномаро маблағҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудонамуда, инчунин маблағҳое, ки аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдори дар Барнома зикршуда ҷудо карда мешаванд, ташкил медиҳанд.

5. Маблағҳои ҷудошуда аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор, дар доираи чорабиниҳои пешбининамудаи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амалишавии самаранокии ин чорабиниҳои ҳуқуқӣ истифода бурда мешаванд.

...

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 29 апреля 2009 года №253

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 29 апреля 2009 года №253

Программа правового обучения и воспитания граждан Республики Таджикистан на 2009-2019 годы

I. Общие правила

1. Переход к рыночным экономическим отношениям, формирование демократических ценностей, создание гражданского общества, проведение политико-правовых реформ, пропаганда прав и свобод, а также основные обязанности человека и гражданина требуют, улучшения правового воспитания и повышения уровня правовых знаний населения Республики Таджикистан, необходимости принятия конкретных мер и разработки единой общегосударственной программы правового обучения и воспитания граждан Республики Таджикистан.

Политика государства и Правительства Республики Таджикистан направлена на создание демократического, правового, светского и унитарного государства, которая вытекает из статьи 1 Конституции Республики Таджикистан. Следовательно, в условиях демократического преобразования, укрепляется место и роль права в регулировании экономической, социальной, политической жизни государства и общества, которая осуществляется путем разработки и принятия законов.

2. Исходя из этого, Республика Таджикистан, являясь неотъемлемой частью мирового сообщества, осознавая свой долг и ответственность перед прошлым, настоящим и будущим поколениями, понимая необходимость обеспечения суверенитета и развития своего государства, признавая незыблемыми права и свободы человека, признавая равноправие и дружбу всех наций и народностей, ставит задачей создание демократического и правового государства.

Обеспечение и исполнение действующих законов невозможно без правового воспитания и обучения граждан. Основанием для принятия Программы правового обучения и воспитания граждан Республики Таджикистан на 2009 - 2019 годы (далее Программа) является Указ Президента Республики Таджикистан от 9 апреля 1997 года№ 691 "О правовой политики и обеспечения правового воспитания граждан Республики Таджикистан" и постаповление Правительства Рсспублики Таджикистан от 8 мая 2008 года №233 "О Плане мероприятий по выполнению указаний, содержащихся в Послании Президента Республики Таджикистан Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 25 апреля 2008 года".

II. Финансовые и правовые основы Программы

3. Правовую основу Программы составляют Конституция Республики Таджикистан, международные правовые акты, признанные Республикой Таджикистан, действующие законодательные акты Республики Таджикистан, указы Президента Республики Таджикистан, постановления Правительства Республики Таджикистан и другие действующие нормативные правовые акты.

4. Финансовуго основу Программы образует средства, выделяемые Правительством Республики Таджикистан, а также средства, выделяемые соответствующими министерствами и ведомствами, указанными в данной Программе.

5. Выделенные средства расходуются соответствующими министерствами и ведомствами в рамках мероприятий, перечисленными Программой правового обучения и воспитания граждан Республики Таджикистан с целью обеспечения эффективной реализации этих правовых мер.

...