ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 "Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №23, мод.335) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Қонун калимаҳои "байналхалқӣ", "байналхалқии" мутаносибан ба калимаҳои "байналмилалӣ", "байналмилалии" иваз карда шаванд.
2. Матни моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", Қонуни мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".
3. Ба Қонун моддаи 8(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 8(1). Истифодабарии ҳудуди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ҳолатҳои алоҳида дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ гардонидани вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи генералии рушди шаҳр бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ризоияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми истифодаи ҳудуди шаҳр мумкин аст маҳдудиятҳо муқаррар карда шаванд.
Дар ҳудуди марзию маъмурии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз минтақаҳое, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муайян гардидаанд, парвариш ва нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва ҳайвоноти хонагии дигар, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ манъ аст. Парвариш ва нигоҳдории гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бойторӣ иҷозат дода мешавад.".
4. Ба Қонун моддаи 13 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 13. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани муқаррароти Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2010 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
...