ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Фармони Президенти ҶТ аз 13.09.2022 №454)
(Фармони Президенти ҶТ аз 13.09.2022 №454)
(Фармони Президенти ҶТ аз 13.09.2022 №454)
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат" аз ҳисоби ихтисори воҳидҳои хизматчиёни давлатии Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 8 воҳиди корӣ, кормандони ҳайати хизматрасонии техникии Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 171 воҳиди корӣ ва кормандони ҳайати хизматрасонии техникии Муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо теъдоди 103 воҳиди корӣ, ҳамагӣ бо теъдоди 282 воҳиди корӣ таъсис дода шавад .
2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии муассисаи мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд ().
3. хориҷ карда шуд ().
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хароҷоти нигоҳдории воҳидҳои кории Муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат" дар соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои воҳидҳои ихтисоршудаи мақомоти дарҷгардида тағйирот ворид намуда, маблағгузории онро аз 1 январи соли 2010 аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ пешбинӣ намояд .
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе,
8 апрели соли 2009 № 649
...