ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он
Қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба рушди донории хун ва ҷузъҳои онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, амалӣ гардидани чораҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва тиббии ташкили ҳаракати донорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи донорҳоро таъмин менамояд.
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Принсипҳои донории хун ва ҷузъҳои он
Принсипҳои асосии донории хун ва ҷузъҳои он иборатанд аз:
- инсондустӣ;
- ихтиёрӣ;
- беподошӣ;
- безарарии вазифаи донорӣ барои одам;
- бехатарии истифодаи хуни донорӣ ва ҷузъҳои он.
Моддаи 2. Фаъолияти донорӣ
1. Ҳар шаҳрванди қобили амали аз 18 то 65 сола, ки дар натиҷаи аз муоинаи тиббӣ гузаштан гирифторшавии ӯ ба бемориҳое, ки зидди нишондоди донорӣ мебошанд, ошкор нашудааст, донор шуда метавонад.
2. Ба сифати донор шахсоне дониста мешаванд, ки ҳадди ақал ҳар сол як ё ду маротиба хун ва ё ҷузъҳои онро месупоранд. Дар ҳолатҳои зарурӣ тибқи дастури муассисаҳои дахлдор, бо розигии онҳо ин амал такрор карда мешавад. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донорӣ аз ҷониби муассисаҳои давлатие дода мешавад, ки бо тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он машғуланд.
...