Барномаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2014 аз 31 октябри соли 2008, № 527

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 октябри соли 2008 № 527

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 октябри соли 2008 № 527

тасдиқ шудааст

Барномаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2014

С А Р С У X А Н

Соҳаи ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи гражданӣ вазифаҳои татбиқи сиёсати давлатӣ, ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқӣ, расонидани хизматрасонии давлатӣ ва идораи моликияти давлатӣ, сиёсати ягонаи давлатиро дар бобати омодагӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ва ҷанг дар бар гирифта, тамоми маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатӣ, ҳуқуқӣ, мудофиавӣ ва дигар чорабиниҳоро, ки ба ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи характери табиӣ ва техногенӣ дошта, инчунин ҳангоми сар задани амалиёти ҷанги равона карда шудаанд, ҳамоҳанг месозад.

Соҳа дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гирифта, инчунин фаъолияти дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳоро ҳамоҳанг месозад.

Мақсади асосии соҳа аз таъмини ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ва ҷангӣ, ташкили омӯзиши аҳолӣ ва таъмини омодагии доимии мақомоти идоракунанда, қувва ва воситаҳои системаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании мамлакат, таҳлили ҳаматарафа ва мубодилаи иттилоот дар бораи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷанбаи табиӣ ва техногенидошта, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, назорати тақсимот ва истифодаи мақсадноки маблағҳо ва воситаҳои ҷудошуда, инчунин қабул, тақсимот, роҳнамоӣ, интиқол ва дастраст шудани кӯмакҳои башардӯстона ба аҳолии аз ҳолатҳои фавқулодда зарардида иборат мебошад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон, шахсони мансабдор ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҳалли масъалаҳои мудофиаи гражданӣ вазифадоранд бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ намоянд.

1. Проблемаҳо ва вазъи имрӯзаи соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Кумита) ва 24 воҳиди сохтории он бо шумораи штатии 1999 нафар самтҳои асосии соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳуриро муайян сохта, дар таъсис, таҷҳизонӣ ва ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани қувваю воситаҳое, ки барои бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи давраи осоишта ва замони ҷанг пешбинӣ шудаанд, роҳбарии методиро анҷом медиҳад ва амалиёти қувваю воситаҳои муштаракеро, ки дар бартарафсозии оқибати ҳолатҳои фавқулодда иштирок менамоянд, танзим месозад.

Дар системаи ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хадамот ва нерӯҳои ғайриҳарбии сершумори таъиноти умумӣ ва махсус мавҷуданд, аммо таҷриба нишон медиҳад, ки қувваи ҳақиқиро дар ҳама гуна вазъиятҳо қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ ташкил медиҳанд.

Барои самаранок роҳбарӣ намудани чорабиниҳои пешгӯӣ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодда системаи идоракунии Кумита имконияти пурра надорад, чунки қисми зиёди сохторҳое, ки фаъолияташон бевосита ба пешгӯии ҳолатҳои фавқулоддаи хусуиятҳои табиӣ ва техногенидошта мансубанд, мустақилона фаъолият дошта, бо Кумита робитаи мутақобила надоранд.

...

Утверждена

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "31" октября 2008 года №527

Утверждена

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "31" октября 2008 года №527

Программа развития системы чрезвычайных ситуации и гражданской обороны Республики Таджикистан на период 2009-2014

ВВЕДЕНИЕ

Система чрезвычайной ситуации и гражданской обороны осуществляет функции по проведению государственной политики, нормативно-правовому регулированию, оказанию государственных услуг и управлению государственным имуществом в сфере управления чрезвычайными ситуациями и гражданской обороной, осуществляет руководство единой государственной политикой в области подготовки и защиты населения, объектов экономики и территории Республики Таджикистан от последствий чрезвычайных ситуаций мирного и военного времени, организует весь комплекс общегосударственных, правовых и других мероприятий, направленных на защиту населения, объектов экономики и территории Республики Таджикистан от последствий чрезвычайных ситуаций природного характера а также в случае возникновения военных действий.

В своей деятельности эта отрасль руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, решениями Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Указами Президента Республики Таджикистан, постановлениями Правительства Республики Таджикистан, международно-правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан и Положениями Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан и взаимодействует с другими центральными органами власти, местными исполнительными органами государственной власти, общественными, объединениями и иными организациями.

Главная цель отрасли - это обеспечение защиты населения, объектов экономики и территории Республики Таджикистан от последствий чрезвычайных ситуаций мирного и военного времени, организация обучения населения, обеспечение и приведение в постоянную готовность управляющие органы, силы и средства системы чрезвычайной ситуации и гражданской обороны государства всесторонний анализ, сбор информации и ее обмен по чрезвычайным ситуациям природного и техногенного характера, предупреждению чрезвычайных ситуаций и их последствий, контроль и координация работы по доставке населению пострадавшему от чрезвычайных ситуаций гуманитарной помощи и осуществление контроля за их целевым использованием, распределением и расходованием, доставка гуманитарной помощи населению пострадавшему от чрезвычайных ситуаций.

Органы местной государственной власти на местах, предприятия, учреждения и другие организации независимо от форм собственности и подчиненности, должностные лица и население Республики Таджикистан при решении вопросов обязаны тесно взаимодействовать с "ЧС и ГО при правительстве Республики Таджикистан и штабами по ЧС и ГО в областях, городах и районах.

I. Основными проблемами и состояния отраслей ЧС и ГО на данный момент является:

КЧС и ГО при Правительстве Республики Таджикистан и ее составные 24 штатные структуры с общим количеством штатных - 1991 единиц определяют основные направления ЧС и ГО в республике, участвуют в создании, оснащении и содержании в постоянной готовности сил и средств, предназначенных для ликвидации последствий ЧС в мирное и военное время, осуществляют методическое руководство и координируют действия сил и средств, которые участвуют в ликвидации последствии стихийных бедствий.

В системе ЧС н ГО республики существуют службы и многочисленные невоеннозированные формирования общего назначении, но практика последних лет показывает, что основными силами и средствами во всех случаях являются воинские части гражданской обороны Комитета.

Для эффективного руководства над выполнением мероприятий по предупреждению и ликвидации ЧС Центр управления по ЧС Комитета не имеет полную возможности контролировать все ситуации потому, что большинство организаций н учреждений, деятельность которых непосредственно связанно с предупреждением ЧС природного характера являются самостоятельным и с Комитетом никакие связей и взаимодействия не имеют.

...