Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи муайян намудани мақоми махсуси ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2010 № 225)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2010 № 225)
Мутобиқи моддаи 69 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад ().
2. Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ оид ба ташкили ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавии бақайдгирии давлатӣ ва оид ба ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз қарори мазкур бармеояд, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд ().
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 сентябри соли 2008 № 456
ш. Душанбе
аз 29 сентябри соли 2008 № 456
ш. Душанбе
...