Созишнома байни Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати соҳибкорӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи соҳибкорӣ, сармоягузориҳо ва рушди муносибатҳои мутақобилаи судманд аз 26 июли соли 2001

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори  Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2026 № 433 бекор карда шуд

Созишнома байни Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати соҳибкорӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи соҳибкорӣ, сармоягузориҳо ва рушди муносибатҳои мутақобилаи судманд 

Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати соҳибкорӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Беларус, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

бо ҷонибдории муносибатҳои дустона, барои рушд ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар асоси иродаи нек, баробарҳуқуқӣ ва мутақобилан судманд кушиш намуда,

бо мароми истифодаи боз ҳам пурсамари имкониятҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникии Тарафҳо,

бо мақсади мусоидат ба ҳамкориҳои байни ду давлат дар соҳаи соҳибкорӣ ва ҳамкориҳои дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус

ба мувофикаи зайл расиданд:

Моддаи 1

Ҳамкориҳо байни Тарафҳо вобаста аз имконияти истифодаи воситаҳои дастрас бо роҳи амали намудани барномаҳо ва лоиҳаҳои ҷудогона, мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус сурат мегиранд.

Моддаи 2

Тарафҳо мубодилаи ахборро, аз ҷумла, бо роҳи доир намудани вохуриҳои якҷоя дар бораи инкишофи системаҳои дастгирии соҳибкорӣ дар ҳар ду давлат амалӣ менамоянд.

Моддаи 3

Тарафҳо ба таҳия ва истифодаи воситаҳои молиявӣ ҷиҳати рушди ҳамкориҳои байни субъектҳои соҳибкории ҳар ду давлат мусоидат менамоянд.

Моддаи 4

Тарафҳо ба хамдигар дар мавриди гузаронидани ярмаркаҳои тиҷоратӣ, намоишҳо ва дигар чорабиниҳои ба ин монанд маълумот дода, ба чорабиниҳое диққати махсус медиҳанд, ки ба интиқоли маҳсулоти субъектҳои соҳибкории ҳар ду давлат равона карда шудаанд.

...

Моддаи 5

Тарафҳо мутобиқи қонунгузории ҳарду давлат ба мубодилаи технологияҳои байни субъектҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва субъектҳои соҳибкории Ҷумҳурии Беларус мусоидат менамоянд.

Моддаи 6

Тарафҳо ҷиҳати ба роҳ мондани робитаҳои расмии байни иттиҳодияҳои ҷамъиятии соҳибкорони ҳарду давлат мусоидат намуда, барои ташкил ва гузаронидани ташрифоти расмии намояндагон бо мақсади инкишоф ва васеъ намудани муносибатҳои тиҷоратӣ ва дигар муносибатҳои иқтисодии байни субъектҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва субъектҳои соҳибкории Ҷумҳурии Беларус кумак мерасонанд.

Моддаи 7

Тарафхо донр ба тахия ва амали намудани барномахо ва лоихахои муштарак дар тайёр намудани мутахассисонн сохан сохибкори фаъолият мснамоянд.

Моддаи 8

Тарафхо оид ба маълумоти хукукне, ки фаъолияти сохибкорпи давлатхои Тарафхоро танзим мспамояд, мубодилаи ахбор менамоянд.

Модлаи 9

Ҳамаи масъалаҳои баҳснок, ки ба тафсир ё истифодаи моддаҳо ва ё муқаррароти ҷудогонаи Созишномаи мазкур марбутанд, бо роҳи гуфтушунид мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ҳал карда мешаванд.

Мувофиқи розигии Тарафайн ба матни Созишномаи мазкур тағйироту иловаҳо ворид намудан имкон дорад. Ба матни Созишнома дохил намудани тағйироту иловаҳо бо протоколҳои махсус, ки қисми таркибии Созишномаи мазкур ба ҳисоб мераванд, танзим мегарданд.

Моддаи 10

Созишномаи мазкур ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Тарафҳо дар мавриди дигар шартномаҳо дахолат намекунад ва ҳуқуқи Тарафҳоро дар мавриди истифодаи шаклҳои дигари ҳамкориҳои байналхалқӣ маҳдуд намесозад.

Моддаи 11

Созишномаи мазкур аз таърихи гирифтани огоҳиномаи хаттии охирин дар бораи иҷро намудани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани он заруранд, эътибор пайдо карда, ва то замоне, ки яке аз Тарафҳо ба таври хаттӣ на камтар аз шаш моҳ қабл Тарафи дигарро дар бораи қатъ намудани амали он огоҳ насозад, амал менамояд.

Дар шаҳри Минск «26» июли соли 2001 дар ду нусха ба забонҳои тоҷикӣ, беларусӣ ва русӣ, ки ҳамаи матнҳо эътибори якхела доранд, ба имзо расидааст.

Дар мавриди пайдо шудани нофаҳмиҳо, бо мақсади маънидод кардани муқаррароти Созишномаи мазкур, матни русии он истифода карда мешавад.

Аз ҷониби Агентии давлатии

сиёсати зиддимонополӣ ва

дастгирии соҳибкории

назди Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ҷониби

Вазорати соҳибкорӣ

ва сармоягузории

Ҷумҳурии Беларус