Созишнома байни Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати соҳибкорӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи соҳибкорӣ, сармоягузориҳо ва рушди муносибатҳои мутақобилаи судманд аз 26 июли соли 2001

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори  Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2026 № 433 бекор карда шуд

Созишнома байни Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати соҳибкорӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи соҳибкорӣ, сармоягузориҳо ва рушди муносибатҳои мутақобилаи судманд 

Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати соҳибкорӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Беларус, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

бо ҷонибдории муносибатҳои дустона, барои рушд ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар асоси иродаи нек, баробарҳуқуқӣ ва мутақобилан судманд кушиш намуда,

бо мароми истифодаи боз ҳам пурсамари имкониятҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникии Тарафҳо,

бо мақсади мусоидат ба ҳамкориҳои байни ду давлат дар соҳаи соҳибкорӣ ва ҳамкориҳои дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус

ба мувофикаи зайл расиданд:

Моддаи 1

Ҳамкориҳо байни Тарафҳо вобаста аз имконияти истифодаи воситаҳои дастрас бо роҳи амали намудани барномаҳо ва лоиҳаҳои ҷудогона, мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус сурат мегиранд.

Моддаи 2

Тарафҳо мубодилаи ахборро, аз ҷумла, бо роҳи доир намудани вохуриҳои якҷоя дар бораи инкишофи системаҳои дастгирии соҳибкорӣ дар ҳар ду давлат амалӣ менамоянд.

Моддаи 3

Тарафҳо ба таҳия ва истифодаи воситаҳои молиявӣ ҷиҳати рушди ҳамкориҳои байни субъектҳои соҳибкории ҳар ду давлат мусоидат менамоянд.

Моддаи 4

Тарафҳо ба хамдигар дар мавриди гузаронидани ярмаркаҳои тиҷоратӣ, намоишҳо ва дигар чорабиниҳои ба ин монанд маълумот дода, ба чорабиниҳое диққати махсус медиҳанд, ки ба интиқоли маҳсулоти субъектҳои соҳибкории ҳар ду давлат равона карда шудаанд.

...

Соглашение между Государственным агентством по антимонопольной политике и поддержке предпринимательства при Правительстве Республики Таджикистан и Министерством предпринимательства и инвестиций Республики Беларусь о сотрудничестве в сфере предпринимательства, инвестиций и развитии двусторонних взаимовыгодных связей

Государственное агентство по антимонопольной политике и поддержке предпринимательства при Правительстве Республики Таджикистан и Министерство предпринимательства и инвестиций Республики Беларусь, именуемые в дальнейшем Сторонами, выступая за дружественные отношения, стремясь к расширению, укреплению и дальнейшему развитию двухсторонних связей на основе доброй воли, равноправия и взаимной выгоды, желая более эффективно использовать имеющиеся у Сторон торгово-экономический и научно-технический потенциалы, в целях способствования сотрудничеству между двумя государствами в области предпринимательства и двустороннему сотрудничеству между таджикистанскими и белорусскими предпринимателями согласились о нижеследующем:

Статья 1

Сотрудничество между Сторонами осуществляется в зависимости от возможности использования доступных средств путем реализации отдельных программ и проектов в соответствии с законодательствами Республики Таджикистан и Республики Беларусь.

Статья 2

Стороны обмениваются информацией, в том числе и путём проведения совместных встреч, о развитии систем поддержки предпринимательства в обоих государствах.

Статья 3

Стороны содействуют разработке и применении? финансовых инструментов для развития сотрудничества между субъектами предпринимательства обоих государств.

Статья 4

Стороны предоставляют друг другу информацию и оказывают содействие в области проведения торговых ярмарок, выставок и других подобных мероприятий, уделяя особое внимание мероприятиям, направленным на продвижение продукции субъектов предпринимательства обоих государств.

Статья 5

Стороны способствуют обмену технологиями между субъектами предпринимательства Республики Таджикистан и субъектами предпринимательства Республики Беларусь согласно законодательствам обоих государств.

Статья 6

Стороны способствуют установлению деловых связей между общественными объединениями предпринимателей обоих государств, оказывают содействие в организации и проведении визитов деловых делегаций в целях развития и расширения торговых и других экономических отношений между субъектами предпринимательства Республики Таджикистан и субъектами предпринимательства Республики Беларусь.

Статья 7
...