×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2008 № 403 "Дар бораи сирри тиҷоратӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи сирри тиҷоратӣ

(Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2151)

Қонуни мазкур он муносибатҳоеро, ки бо мансуб донистани иттилоот ба сирри тиҷоратӣ, додани чунин иттилоот ва ҳифзи махфияти он бо мақсади таъмини баробарии манфиатҳои дорандагони иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ ва дигар иштирокчиёни муносибатҳои танзимшаванда, аз ҷумла таъмини манфиатҳои давлат дар бозори мол, кор ва хизматрасонӣ иртибот доранд, танзим менамояд.

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри тиҷоратӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри тиҷоратӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2151).

Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур

Қонуни мазкур нисбат ба муносибатҳои вобаста ба мансуб донистани иттилоот ба сирри тиҷоратӣ, додан ва ҳифзи он бо мақсади таъмини манфиатҳои дорандагони чунин иттилоот татбиқ мегардад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2151).

Муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба муносибатҳои ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ва бонкӣ алоқаманд татбиқ намегардад.

Моддаи 3. Маҳфумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур маҳфумҳои асосии зайл истифода мешаванд:

- сирри тиҷоратӣ - махфияти иттилооте, ки имконият медиҳад ба дорандаи он дар ҳолати мавҷуда ё имконпазир даромадашро зиёд гардонад, ба хароҷоти беҳуда роҳ надиҳад, мавқеашро дар бозори мол, кор ва хизматрасонӣ нигоҳ дорад ё худ фоидаи дигари тиҷоратӣ ба даст орад;

- иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ - иттилооти илмӣ-техникӣ, технологӣ, истеҳсолӣ, молиявию иқтисодӣ ё худ дигар иттилооти дорои арзиши воқеӣ ё имконпазири тиҷоратӣ, ки бинобар сабаби онро надонистани шахсони сеюм, ки наметавонанд ин иттилоотро дар асоси қонун озодона дастрас намоянд ва нисбати он дорандаи чунин иттилоот низоми сирри тиҷоратиро ҷорӣ кардааст;

- низоми сирри тиҷоратӣ - тадбирҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, техникӣ ва дигар тадбирҳое, ки дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ барои ҳифзи махфияти он меандешад;

- дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ - шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки соҳиби иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ буда, дастрасии ин иттилоотро маҳдуд ва ба он низоми сирри тиҷоратиро муқаррар кардааст;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О коммерческой тайне

(в редакции Закона РТ от 11.02.2025 №2151)

Настоящий Закон регулирует отношения, связанные с отнесением информации к коммерческой тайне, передачей такой информации, охраной ее конфиденциальности в целях обеспечения баланса интересов обладателей информации, составляющей коммерческую тайну, и других участников регулируемых отношений, в том числе государства на рынке продукции, труда и услуг.

Статья 1. Законодательство Республики Таджикистан о коммерческой тайне

Законодательство Республики Таджикистан о коммерческой тайне основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном.

Статья 2. Сфера применения настоящего Закона

Настоящий Закон применяется к отношениям, связанным с отнесением информации к коммерческой тайне, ее передачей и охраной ее конфиденциальности, в целях обеспечения баланса интересов обладателей такой информации (в редакции Закона РТ от 11.02.2025 №2151).

Положения настоящего Закона не применяются в отношении к сведениям, содержащим государственную и банковскую тайну.

Статья 3. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

коммерческая тайна - конфиденциальность информации, позволяющая ее обладателю при существующих или возможных обстоятельствах увеличить доходы, избежать неоправданных расходов, сохранить положение на рынке товаров, труда, услуг или получить иную коммерческую выгоду;

информация, содержащая коммерческую тайну - научно-техническая, технологическая, производственная, финансово-экономическая или иная информация, которая имеет действительную или потенциальную коммерческую ценность в силу неизвестности ее третьим лицам, к которой нет свободного доступа на законном основании и в отношении к которой обладателем такой информации введен режим коммерческой тайны;

- режим коммерческой тайны - правовые, организационные, технические и иные принимаемые обладателем информации, содержащей коммерческую тайну, меры по охране ее конфиденциальности;

- обладатель информации, содержащей коммерческую тайну физическое и юридическое лицо, которое обладает информацией, содержащей коммерческую тайну, на законном основании, ограничивает доступ к этой информации и устанавливает в отношении к ней режим коммерческой тайны;

...