Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 майи соли 2008 № 273
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 майи соли 2008 № 273
Қоидаҳои додани Патент ва Шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба шахсони воқеие, ки фаъолияти соҳибкории инфиродиро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд
1. Муқаррароти умумӣ
1. Шахсони воқеӣ - резидентҳо ва ғайрирезидентҳо ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти соҳибкории инфиродиро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар асоси Патент ё Шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ (минбаъд - Патент, Шаҳодатнома) доранд.
Патент ба соҳибкори инфиродӣ аз ҷониби мақоми андоз аз рӯи ҷойи анҷом додани фаъолият дода мешавад.
Шаҳодатнома ба соҳибкори инфиродӣ аз ҷониби мақоми андоз аз рӯи ҷойи истиқомат (бақайдгирӣ) дода мешавад.
Патент ва Шаҳодатнома ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки аз бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ шаҳодат медиҳанд.
Агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муқаррар карда набошад:
- андозбандӣ аз рӯи Патент нисбати фаъолияти литсензияшаванда (ба истиснои мусофиркашонӣ), инчунин фаъолияти шахсони воқеӣ - соҳибкорони инфиродие, ки истеҳсоли молҳои зеракзисӣ ва фаъолияти зераксизӣ, таҳвили алюминийи аввалия, фаъолият дар соҳаи истифодабарии қаъри замин, фаъолияти бонкӣ ё намудҳои алоҳидаи амалиётҳои бонкӣ, фаъолияти суғуртавӣ, фаъолият оид ба идоракунии фондҳои сармоягузорӣ ва фаъолияти касбиро дар бозори коғазҳои қиматнок анҷом медиҳанд, мумкин нест;
- андозбандӣ аз рӯи Шаҳодатнома нисбати шахсони воқеӣсоҳибкорони инфиродие, ки истеҳсоли молҳои зеракзисӣ (ба истиснои нӯшокиҳои ғайриспиртӣ), таҳвили алюминийи аввалия, фаъолият дар соҳаи истифодабарии қаъри замин, фаъолияти бонкӣ ё намудҳои алоҳидаи амалиётҳои бонкӣ, фаъолияти суғуртавӣ, фаъолият оид ба идоракунии фондҳои сармоягузорӣ, фаъолияти касбиро дар бозори коғазҳои қиматнок (ба истиснои фаъолият оид ба идоракунӣ ва пешбурди реестрҳои коғазҳои қиматнок) анҷом медиҳанд, мумкин нест.
...