Дастуруламал оид ба тартиби хонапурӣ кардани варақаи бақайдгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт аз 1 апрели соли 2008, № 172

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи № 3

ба Қоидаҳои бақайдгирии

ҳодисаҳои роҳу нақлиёт

Замимаи № 3

ба Қоидаҳои бақайдгирии

ҳодисаҳои роҳу нақлиёт

Дастуруламал оид ба тартиби хонапурӣ кардани варақаи бақайдгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт

I. Муқарраротм умумӣ

1. Варақаи бақайдгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт (минбаъд варақа) барои ҳар як ҳодисаи роҳу нақлиёт, ки ба ҳисоботи давлатии омор бояд дохил карда шавад, тартиб дода мешавад.

2. Варақа аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки асноди ибтидоиро оид ба ҳодисаҳои роҳу нақлиёт мураттаб месозанд, тартиб дода мешавад. Хонапурии варақа бевосита бо матн ё бо кӯмаки шохиси (индекси) рақамӣ, ки ба мазмуни иттилооти маъноии "Ҷадвали роҳнамо оид ба хонапурӣ кардани варақаи бақайдгирии ҲРН" мувофиқат мекунад, сурат мегирад.

3. Барои ҳодисаи роҳу нақлиёте, ки дар он зиёда аз 4 нафар зарар дидаанд, ё зиёда аз 3 адад воситаи нақлиёт иштирок кардааст, ду варақа (асосӣ ва иловагӣ) тартиб дода мешавад.

4. Варақаи хонапуришуда аз ҷониби сардори мақомоти шаҳриву ноҳиявӣ ё сардори шӯъбаи (шӯъбачаи) БДА ба имзо расида, бо тартиби муқарраршуда сабт гардида ва дар муддати се шабонарӯз ба Раёсати БДА ВКД, РКД вилоят ва шаҳр ирсол карда мешавад.

Ҳангоми зарурати даровардани тағйирот ба маълумот дар бораи оқибатҳо ва сабабҳои ҳодисаҳои роҳу нақлиёт дар муддати 7 (ҳафт) шабонарӯз варақаи нави бо иловаи ин тағйирот хонапуришуда фиристода мешавад.

5. Дар Раёсати (шӯъбаи) БДА варақаи воридшуда бо тартиби муқарраршуда сабт карда мешавад.

6. Варақаҳо баъди сабт ба мошини электронии (компютер) мутобиқи системаи автоматикунонидашудаи маълумотдиҳиву ҷустуҷӯии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт (САМҶ-ҲРН) дохил карда мешаванд.

7. Ирсоли ниҳоии варақаҳо ё иттилооти онҳо бояд ҳар моҳ то санаи 5-уми моҳи навбатии ҷорӣ сурат бигирад, Ворид намудани тағйироту иловаҳо ба ҳисоботи давлатии омор дар давоми на дертар аз ду моҳ рух додани ҳодисаи роҳу нақлиёт сурат мегирад.

II. Тартиби хонапурӣ кардани варақа

...

Приложение №3

к Правилам учета

дорожно-транспортных происшествий

от 1 апреля 2008г. № 172

Приложение №3

к Правилам учета

дорожно-транспортных происшествий

от 1 апреля 2008г. № 172

Инструкция о порядке заполнения карточки учета дорожно-транспортного происшествия

I. Общие положения

1. Карточка учета дорожно-транспортного происшествия (далее карточка) составляется на каждое дорожно-транспортное происшествие, подлежащее включению в государственную статистическую отчетность.

2. Карточка составляется работником органов внутренних дел, оформлявшим первичные документы о дорожно-транспортном происшествии. Заполнение карточки производится непосредственно текстом или при помощи цифровых индексов, соответствующих значениям смысловой информации в "Справочной таблице по заполнению карточки учета ДТП".

3. На дорожно-транспортное происшествие, в котором пострадало более 4 человек или участвовало свыше трех транспортных средств, составляются две карточки (основная и дополнительная).

4. Заполненная карточка подписывается начальником горрайоргана или начальником отдела (отделения) ГАИ, регистрируется в установленном порядке и в трехдневный срок передается в Управление ГАИ МВД, УВД областей и города.

При необходимости внесения изменений в сведения о последствиях или причинах дорожно-транспортного происшествия в семидневный срок направляется новая карточка, полностью заполненная с учетом этих изменений.

5. В управлении (отделе) ГАИ поступившая карточка регистрируется в установленном порядке.

6. После регистрации карточек, они вводятся в ЭВМ в соответствии с программным обеспечением подсистемы учета дорожно-транспортных происшествий (АИПС - ДТП).

7. Последняя передача карточек или информации о них должна производиться не позднее 5-го числа следующего за отчетным месяцем. Внесение изменений и дополнений в государственную статистическую отчетность производиться не позднее двух месяцев со дня совершения дорожно- транспортного происшествия.

...