ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ПАРТОВҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ ВА ИСТЕЪМОЛӢ
(Қонуни ҶТ аз 25.07.2005 № 109, аз 28.06.2011 № 736, аз 16.02.2026 № 2252)
Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар рафти ҳосилшавӣ, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, кашондан, безараргардонӣ ва гуронидан, инчунин дар идоракунӣ ва назорати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо ба миён меоянд, танзим менамояд ва ба пешгирии таъсири манфии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ба муҳити зист, саломатии инсон ҳангоми муомилот бо партовҳо ва истифода бурдани онҳо барои эҳтиёҷоти хоҷагию истеҳсолӣ ба сифати манбаи иловагии ашёи хом мусоидат менамояд (№ 2252).
БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 736)
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд :
- партовҳо - моддаҳои гуногун, масолеҳ ва ҷисмҳое, ки дар рафти ҳаёт ва фаъолияти инсон ба вуҷуд омада, дар ҷои пайдо ё зоҳиршудаашон қобили истифода бурдан нестанд ва моликашон онҳоро нобуд карданианд ё худ ҳатман бо роҳи истифодабарӣ ё барҳамдиҳӣ аз онҳо халос шуданиянд;
- партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ - маҳсулот, масолеҳ, моддаҳое, ки дар натиҷаи истифодабарӣ хусусиятҳои истеҳсолӣ ё истеъмолии худро пурра ё қисман гум кардаанд (№ 2252);
- ашёи хоми дуюмдараҷа - партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолие, ки барои истифодаи дубора ҷамъ (муҳайё) ва тайёр карда шудаанд;
- партовҳои сахти маишӣ - партовҳои истеъмолие, ки дар маҳалҳои аҳолинишин дар натиҷаи фаъолияти ҳаётии аҳолӣ пайдо шудаанд (№ 2252);
- партовҳои хатарнок - партовҳое, ки дар таркиби худ моддаҳои дороӣ хусусиятҳои хатаровар (ба монанди заҳрнокӣ, сирояткунанда, таркишӣ, хатари сухторӣ, қобилияти баланди реаксиониро) доранд ва дар миқдору шаклҳое мавҷуданд, ки ҳар кадоми он чӣ мустақилона ва чӣ дар тамос бо моддаҳои дигар барои саломатии инсон ва муҳити зист хатари бевосита ё имконпазир доранд (№ 2252);
...