Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 ноябри соли 2007 № 543
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 ноябри соли 2007 № 543
Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015
Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тадбирҳои пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар солҳои 2008-2015 ба мақсади иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2007 "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия шудааст.
Ин Барнома ба таъмин ва самаранокии пурзӯргардонии мубориза бо ҷинояткорӣ бо иштироки ҳамаи субъектҳои давлатӣ, мақомот ва аҳли ҷомеа, қатъиян беҳтар гардонидани системаи мубориза бо онҳо, муҳофизати воқеии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳифзи сохти конститутсионӣ ва ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии дар ҷумҳурӣ гузаронидашаванда аз суиқасдҳои ҷиноятӣ нигаронида шудааст.
Бо назардошти тамоюлҳои ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи мазкур аз қисмҳои зерин: чораҳои ташкилию ҳуқуқӣ, чораҳои ташкилию амалӣ, ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъминоти иттилоотӣ ва илмӣ, таъминоти кадрӣ ва моддӣ-техникӣ иборат аст. Барои давра ба давра амалӣ намудани ин Барнома Нақшаи чорабиниҳо пешбинӣ карда шудааст (замима мегардад).
1. Шарҳи умумии ҳолат ва тамоюлҳои ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои таҳкими минбаъдаи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини суботу-оромии ҷомеа бояд бар зидди ҷинояткорӣ муборизаи қатъӣ бурд.
Бояд эътироф кард, ки нишондодҳои сифатии ҷинояткории муосир мазмун ва шакли системаи амнияти ҷаҳонишавиро тағйир додааст ва зарурияти ташкили самти ягонаро дар муқовимат ба таҳдидҳо нисбат ба тамаддуни муосир тақозо дорад. Муқовимат ба таҳдидҳои ҷинояткорӣ дар ҳаёт бе татбиқ намудани принсипи ҳамкории байналмӣлалӣ, ки ба эътимоди баланд нисбат ба ҳамкорон асос ёфтааст, имконнопазир аст.
Мақсади стратегии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ба ташкил намудани системаи ягонаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бояд равона карда шавад. "Ин система бояд бо таъмини сатҳи ҳимояи ҷаҳони муосир, давлатҳои миллӣ ва шаҳрвандон бо роҳи коркарди ченакҳои фаъолияти якҷоя ва муқовимати дастаҷамъии фаъолона бар зидди зоҳиршавии падидаи иртиҷоӣ комилан мувофиқ бошад.
Мувофиқи маълумотҳои омории маркази ахборотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои содиршуда сол аз сол кам шуда истодааст. Чунончӣ, дар ҷумҳурӣ дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ соли 1992 25294 адад ҷиноят ба қайд гирифта шуда бошад, баъди барқарор гардидани сохтори конститутсионӣ шумораи онҳо дар соли 1993 24646 ададро ташкил медод. Дар соли 1994 бошад шумораи онҳо якбора ба 14279 адад ҷиноят фаромад. Ҳамин тавр, шумораи ҷинояткорӣ сол аз сол кам гардида, дар соли 2006 11223 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 2005 теъдоди он 7 фоиз кам шудааст.
Дар баробари ин бояд зикр намуд, ки дар соли 2006 ҳолати содиршавии баъзе ҷиноятҳо ташвишовар буд.
...