Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 октябри соли 1997 №452
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 октябри соли 1997 №452
тасдиқ шудааст
Оинномаи интизомии воҳидҳои полиси андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистан
1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Оинномаи мазкур нисбат ба ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи полиси андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо рутбаҳои махсус дода мешавад, татбиқ мегардад.
Интизоми хизматӣ дар воҳидҳои полиси андоз - ин аз ҷониби ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда ва татбиқи салоҳияташон риоя кардани тартиб ва қоидаҳое мебошад, ки қонунҳо ва дигар асноди меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Савганд, оинномаҳо, фармонҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фармонҳои сардорони воҳидҳои полиси андоз муайян кардаанд.
Интизом дар воҳидҳои полиси андоз ба шуурнокӣ ва дарки баланди ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда, аз ҷониби онҳо амиқан фаҳмидани қарзи хизматиашон ва масъулияти шахсиашон барои вазифаи супоридашуда асос меёбад.
2. ҲУҚУҚҲОИ КОРМАНДОНИ ПОЛИСИ АНДОЗ
Ашхоси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи полиси андоз ҳуқуқ доранд:
а) бо ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳоро оид ба вазифаи штатии ишғолнамудаашон муайян мекунад, меъёри баҳодиҳии сифати кор ва шарти пешрафт дар хизмат, инчунин ба Шароити ташкилию техникӣ, ки барои аз ҷониби онҳо иҷро намудани вазифаҳои функционалиашон зарӯр аст, шинос шаванд;
б) тибки тартиби муайяншуда иттилоот ва маводеро, ки барои иҷрои вазифаҳои функционалӣ заруранд, дастрас намоянд;
в) мутобиқи вазифаҳои функционалиашон қарор қабул кунанд ва дар таҳияи пешниҳод оид ба беҳбудии фаъолияти полиси андоз иштирок намоянд;
...